9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар минтақаи Авазаи Туркманистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд.Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, аз ҳузури Президенти кишвари дӯсту бародар дар нишасти мазкур ҳамчун меҳмони фахрӣ истиқбол намуданд.
Зимни суҳбат як зумра масоили вобаста ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва роҳҳои минбаъдаи таҳким ва густариши онҳо баррасӣ шуд.
#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Эрон#Иран#Iran
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

