Душанбе: насби баландтарин табақи сабзаи суманак дар ҷаҳон

Дар маркази шаҳри Душанбе — майдони «Дӯстӣ», дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ баландтарин табақи сабзаи суманак, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, қомат  меафрозад. Баландии  суманак  30 метрро ташкил дода, паҳноии табақи он 16 метрро  дарбар мегирад. Дар ин бора имрӯз аз Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши  шаҳри Душанбе» Нурҷаҳон Исмоилзода хабар дод.

Ба гуфти Нурҷаҳон Исмоилзода, инчунин дар  майдон, дар паҳлӯи ин рамзи наврӯзӣ, дастурхон бо дарозии 10 метр ва паҳноии 6 метр густурда   хоҳад шуд,  ки  он тибқи  анъанаи асосӣ ва қадимаи   ҷашни Наврӯз — «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ороста мешавад.

Дар  майдони марказии пойтахт  ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг  ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб мегарданд. Девораи намоиши гулҳои баҳорӣ бо дарозии 45 метр ва баландии 3 метр — аз навгониҳои дигар дар ин майдон бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи ниёгон мебошад. Дар майдон инчунин конструксияи наврӯзӣ бо кураи Замин ва навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» гузошта мешавад.

«Ҳоло аз ҷониби кормандони мо ороишдиҳии майдон бахшида ба иди Наврӯз идома дорад. Дар даромадгоҳи Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ навиштаҷоти «НАВРӮЗ-2021» насб гардида, ҳамчунин  ба он ва дигар мавзеъҳои мувофиқ чароғҳои светоидӣ васл мегарданд, то шомгоҳони ин ҷоро мунаввару зебо гардонанд»,- афзуд Н.Исмоилзода.

Соли дуюм  аст, ки бузургтарин табақи сабзаи  суманак- рамзи баҳору Наврӯз бо баландии 30 метр дар маркази пойтахти Тоҷикистон  гузошта мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE