Баррасии лоиҳаи таҷдиди НБО «Норак» дар парлумон
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, “Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Машрабзода иброз дошт, ки созишномаи мазкур барои татбтқи Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқӣ обии «Норак», марҳилаи II нигаронида шуда, он моҳи декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Ҳадафи лоиҳа барқарор ва зиёд намудани иқтидори истеҳсолии 6 гидроагрегати НБО “Норак” ва баланд бардоштани самаранокии онҳо арзёбӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 т. ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасонро дарбар гирифта, давоми 5 сол (солҳои 2024 – 2028) боарзиши 148,6 млн. доллар татбиқ хоҳад гардид.
Бахтиёр ЗОИРИЁН,
“Садои Душанбе”