Радиои Тоҷикистон “Радиои сол” элон шуд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши идона доир гардид. Дар ҷамъомад вобаста ба фаъолияти назарраси рӯзноманигори муваффақ, ки дар ҷодаи матбуот, радио ва телевизион фаъолияти назаррас доранд, бо “Ифтихорнома” – ву дигар ҷоизаҳои соҳавӣ сарфароз гардиданд.

Дар кори чорабинӣ Масрур Абдуллозода, Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги кишвар, Муҳамаддовуд Саломиён, муовини аввали вазири маориф ва илм, Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Исамтзода Саъдӣ, директори Академияи ВАО ва Бахтиёр Ҳамадмов, раиси Шӯрои ВАО ширкат намуданд.

Дар баробари супоридани унвону сипосномаҳо аз ҷониби вазоратҳои фарҳангу маориф Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ ба барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ нишони онро тақдим кард. Зинатулло Исмоилзода, раиси ИЖТ зимни маросим гуфт, барои дарёфти ҷоиза 35 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Кумитаи ҷоизаҳои ИЖТ баъди санҷишу хулосабарорӣ ҷоизаи Лоҳутиро дар бахши радио ба Худоёр Валиев аз радиои “Имрӯз”, дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз “Телевизиони Тоҷикистон” ва дар бахши матбуот ба се нафар –Ноилшо Нуралиев (“Омӯзгор”), Ҳақназар Каримзода (“Мароми пойтахт”), Тағоймурод Нуралиев (“Шаҳриёр” – и шаҳри Ваҳдат) ва Абдулвоҳид Оев, публитсист, тақдим карданд.

Дар ин маросим ҳамчунин Ораш Алоӣ, “коршиноси сол”, сардабири рӯзномаи “Садои мардум” Самариддин Асоев – “сардабири сол”, хабарнигори Телевизиони Тоҷикистон Фатҳиддин Замон “журналисти сол”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” “маҷаллаи сол”, ТВ Варзиш “телевизиони сол”, Радиои Тоҷикистон “Радиои сол”, нашрияи “Инсон ва табиат” “нашрияи соҳавии сол”, “Молия ва ҳисобдорӣ” “маҷаллаи соҳавии сол” ва “Адабиёт ва санъат” “рӯзномаи сол” дониста шуданд.

Дипломи “Радиои сол” – ро ба директори Радиои Тоҷикистон Саидзода Обидҷон муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳамаддовуд Саломиён тақдим карданд.

Ҳамчунин, ба Радиои “Тоҷикистон” аз тарафи Вазорати маориф ва илм ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд ва мусоидат дар рушди соҳаи маориф ва барои иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат Сипоснома тақдим гардид.

Ин ҷоизаро ба кулли ҳамкасбону кормандони ин дастгоҳи муқтадири иттилоърасонӣ, ки 90 сол боз дар фазои иттилоотии кишвар фаъолият дорад, таҳният мегӯем.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE