“Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” баргузор мегардад

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон миёни доншҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ Олимпиада барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” – ро эълон намудааст.

Ба иттилои маркази матбуоти ин ниҳод, соли ҷорӣ баргузории олимпиадарӯзҳои 12 – 13 – уми март ба нақша гирифта шуда, он аз рӯи 7 равияи илм: математика, физика, астрономия, химия, гкология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ки сабқат дар ин олимпиада рӯзи 12 март, соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ оғоз мегардад.

Маросими супоридани ҷоиза, диплом ва ифтихорнома ба ғолибон рӯзи 13 март, соати 11:00 дар маҷлисгоҳи зикршуда баргузор мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE