Бо музофоти Бавария масъалаи тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон баррасӣ шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар шаҳри Мюнхен бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои Аврупо ва байналмилалӣ Эрик Байсвенгер вохӯрӣ намуд. Дар мавриди ин Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону музофоти Баварияро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, бо истифода аз абзорҳои мавҷуда барои амалӣ намудани  иқдомҳои муштараки муассир ба мувофиқа расиданд.

Сафири Тоҷикистон  ҳамчунин бо котиби давлатии Вазорати молияи Бавария Мартин Шёффел вохӯрӣ намуд, ки дар рафти суҳбат зарурати тақвияти робитаҳо дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид.

Дар мулоқоти дигар бо роҳбари бахши байналмилалӣ, саноат ва инноватсияи Палатаи савдо ва саноати Мюнхен ва Баварияи Болоӣ (Oberbayern), узви Сарраёсати ин ниҳод Кристоф Ангербауэр ба  густариши  ҳамкорӣ  миёни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва бавариягӣ, инчунин ҷалби сармоя ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон тамаркуз карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE