Сармуҳаррир – Фирӯз Каримзода

Каримзода Фирӯз Муссо 18 октябри соли 1981 дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1999 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 – и ҳамин ноҳияро хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2005 ин боргоҳи илмро хатм кард.

Фирӯз Каримзода аз соли 2006 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мухбир,муҳаррири варзида, котиби масъул, муовини сармуҳаррир кр кардааст ва ҳоло сармуҳаррири шабакаи” Садои Душанбе” мебошад.

Ӯ аз соли 2008 узви ҲХДТ аст. Каримзода Фирӯз оиладор буда, як фарзанд дорад. Барои саҳми босазо дар рушди журналисика ва хизматҳои шоиста бо унвонҳоии ифтихории “Аълочии телевизион ва радио”, “Аълочии фарҳанг”, “Аълочии ифтихории маориф ва илм”, медали “Барои хизматҳои шоиста” – и ВКД ва “Аълочии  ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ” қадрдонӣ шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE