Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
- Зоирзода Мӯътабар Яздонӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шавад.
- Раҳматзода Тоҷиддин Раҳмат аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
31 марти соли 2021
№146