Абдукарим Қурбонов: се соли охир шумораи сайёҳон ба 414 ҳазор нафар расид
Кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистон маконест пур аз ганҷу гуҳар ва дорои табиати дилчаспу афсункунанда, ки мувофиқи тадқиқоти олимон, муайян карда шудааст, ки дар ҳудуди ин сарзамин 900 геокомплексҳои табиӣ бо 40 номгӯи манзараҳо мавҷуд аст.
Дар ҳақиқат Тоҷикистон бо чашмаҳои мусаффо ва растаниҳои шифобахшу манзараҳои дилфиребаш ба оламиён машҳур гаштаасту ҷаҳониён ин сарзамини офтобрӯяро марвориди Осиёи Марказӣ ҳам ном мебаранд. Тоҷикистон бо шароитҳои махсуси иқлимиаш дар байни мамолики ҳамсоя мақоми махсусро ишғол менамояд. Зеро дар қаламрави кишвар зиёда аз 200 чашма, аз ҷумла 40 чашмаи гарм, инчунин 3,5 ҳазор намуди растаниҳои шифобахш мавҷуд аст.
Ғайр аз ин, мардуми сарбаланди тоҷик таъриху тамаддуни ниҳоят пурғановату бой дорад. Дигар омиле, ки дар инкишофи соҳаи сайёҳӣ таъсир мерасонад, мавҷудияти ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва фарҳангию маданӣ ба ҳисоб меравад, чунки бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин ёдгориҳо таваҷҷуҳ доранд. Мавҷудияти чунин шароитҳо имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳиро дар ҷумҳурӣ равнақ дода, дар ин замина баҳри ғанӣ гардонидани буҷаи давлат саҳми худро гузорем. Зеро сайёҳӣ падидаи мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии замони муосир маҳсуб ёфта, яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки соҳаи мазкур дар содироти ҷаҳонии молу хизматрасониҳои мухталиф низ пас аз маҳсулотҳои нафтӣ ва истеҳсолу фурӯши автомобил дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дорад. Сари ин масъала бо сухангӯи дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов сӯҳбат доштем. Зимни ибрози андешаҳояш мавсуф зик намуд, дар баъзе кишварҳо ҳаҷми даромад аз соҳаи сайёҳӣ зиёда аз 50 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки ба фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, кишоварзӣ, фарҳанг, санъат ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум таъсири мусбат мерасонад.
Ба ақидаи иқтисодчиёни Шӯрои иқтисодии СММ, давлат дар сурате соҳаи сайёҳиашро хуб инкишоф дода метавонад, ки агар 87 фоизи неъматҳои моддии зарурии сайёҳон аз истеҳсолоти миллӣ таъмин карда шавад. Тоҷикистони азизи мо, бо табиати зебо, бо чашмаҳои шифобахшаш, ба мисли Гармчашма, Хоҷа оби Гарм, Ёс, Анзоб, Ҳаватоғ, Оби гарм (Роғун), Шоҳамбариву Чилучорчашма, инчунин бо кӯҳу дарёҳо, мамнӯъгоҳҳо ва шикоргоҳҳо, шароити хуби кӯҳнавардӣ ва дигар ҷойҳои табиии сайру сайёҳатиаш машҳур гаштааст. Аз ин сабаб дар ҳолати диққати ҷиддӣ додан ба соҳаи сайру сайёҳат мо метавонем дар қатори кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ тараққикарда ҷой гирем.
Бояд хотиррасон кард, ки Сари Хосор (Балҷувон), Искандаркӯл (Айнӣ), Вахон (Ишкошим), Камароб (Рашт), Алмосӣ (Ҳисор), Ширкент (Турсунзода) ва чандин мавзеъҳои дигар дар оянда барои қабул кардани сайёҳон макони хуби сайёҳӣ эълон шудаанд. Аз ин лиҳоз соҳаи сайёҳӣ дар солҳои наздик ба як соҳаи муҳими манфиатбахшу сердаромад табдил хоҳад ёфт. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қарор дар бораи эълон намудани ноҳияҳои Варзобу Балҷувон ва дараи Ромит ҳамчун минтақаҳои табобатию истироҳатӣ ва сайёҳӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба ин соҳа аҳамияти хосса дода истодааст, – мегӯяд Абдукарим Курбонов.
Мавҷудияти захираҳои фароғатию тибиии хусусиятҳои зиёди минералӣ асоси бавуҷудоӣ ва инкишофи сайёҳии рекреатсионӣ ба ҳисоб мераванд. Дар айни ҳол дар осоишгоҳои Ҳавотоғ, Хоҷа оби Гарм, Зумрад, Шоҳамбарӣ, Чилучорчашма, Гармчашма ва ғайра, ки оби гарму сарди шифобахш доранд, ҳазорҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ истироҳат мекунанд, ҳамчунин дар минтақаҳои сайёҳии «Ромит», «Варзоб» «Балҷувон» ва соҳилҳои обанбори «Баҳри Тоҷик» (шаҳри Гулистон) истироҳатгоҳҳои зиёд бунёд гардидаанд, ки барои ҳарчи бештар ҷалб гардидани сайёҳон нақш гузошта метавонанд.
Тавре ки гуфтем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ гардидааст, ки ин тадбирандешӣ боиси давоми се соли охир афзоиш ёфтани шумораи сайёҳон, ду баробар аз 207 ҳазор то 414 ҳазор нафар, гардидааст.
Имрӯз зарурат пеш омад, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохилию хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои баландихтисос дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳидаи Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шавад ва бештар аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо дигар давлатҳо бароямон самараи хуб медиҳад, – мегӯяд Абдукарим Қурбонов.
Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин менамояд.
Мавриди тазаккур аст, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи сарвари давлатамон дар заминаи сиёсати «Дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи мазкур ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудаанд.
Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар чунин зикр намуданд: Воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
“Садои Душанбе”