Аз 14 июн то 9 август кӯдакону наврасони Душанбе ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз 14 июн то 9 августи соли равон  10 ҳазору 352 нафар кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода  ба АМИТ «Ховар».

Тибқи қарори мазкур, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳрро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешад.

Сарраёсати мазкур  ҳамчунин барои дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил намудани гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ва назорати фаъолияти онҳо муваззаф гардидааст.

Тавре сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, «тибқи қарори мазкур дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу» 4192 нафар кӯдакону наврасон, дар майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 6160 нафар кӯдакону наврасон ба истроҳати тобистона фаро гирифта мешаванд».

Истироҳати кӯдакону наврасон ба чор баст ҷудо гардида, давомнокии он 11 рӯзи ройгонро ташкил медиҳад. Мақсад аз он ҷалби кӯдакону наврасон ба сайёҳиву солимгардонӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ мебошад,-афзуд Асомиддин Бобозода.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки «давоми соли хониш бачаҳо бесаброна таътили тобистонаро  мунтазир мешаванд ва ҳар волидайн пешакӣ бояд босамар ва шавқовар гузаронидани   ин давраро барои фарзандон тарҳрезӣ намояд. Онҳо бояд нагузоранд, ки хонандагон вақти худро  давоми се моҳ дар пеши телевизор ва ё бо телефонҳои мобилӣ гузаронанд. Дар ин синн бачаҳо бояд истироҳати муфид намоянд».

Асомиддин Бобозода ҳамчунин  зикр кард, ки дар давраи таътил кӯдаку наврасон бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошанд, зеро онҳо тамоми сол  ба реҷаи қатъии рӯз одат кардаанд. Агар кӯдак давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Ҳамчунин бачаҳо як муддат аз волидайн бояд дур бошанд, то мустақил буданро омӯзанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE