ХУРОСОН: ОМОДАГИҲО БА ПЕШВОЗИ 30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 364 иншооти таъиноти гуногун сохта хоҳад шуд. Раванди корҳои сохтмонӣ имрӯз бомаром ҷараён дошта, қисмате аз ин иншоотҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Симои ноҳияи Хуросон имрӯз куллан тағйир ёфта, диққати ҳамагонро сӯй худ мекашад. Дар ҳудуди ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дошта, сокинон тасмим гирифтаанд, ки то таҷлил аз 30 – солагии Истиқлолияти мамлакат ба ноҳияи пешрафтаи кишвар онро табдил диҳанд.
Дар ҳудуди ноҳия чандин корхонаҳои саноатӣ бунёд ёфта, имрӯз шумораи зиёди сокинонро бо ҷойи кор фаро гирифтааст, ки ин нишонаи баланди тараққиёт дар ҳудуди ноҳия маҳсуб меёбад. Саидаҳмад Ғуломов, мутахассиси пешбари бахши шаҳрсозӣ ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон мегӯяд, ки чароғонкунии кӯчаҳои марказӣ ва дурдасти деҳот, инчунин мумфаршкунии роҳҳои ҳудуди ноҳия бахши асосии ободкориҳои роҳбарияти ноҳия мебошад. “Корҳо дар ин самт назаррасанд”, – гуфт Саидаҳмад Ғуломов.
Маврид ба зикр аст, ки роҳбарият дар якҷоягӣ бо сокинони ноҳия тамоми саъю талоши худро барои гулгулшукуфӣ, рушду тараққиёти ин мавзеъ намуда истодаанд. Бовар аст, ки ноҳияи Хуросон дар солҳои баъдӣ ба як ноҳияи ҷолиби диққат ва рушдёфта табдил мегардад.
Бахтовар АМИНЗОДА,
“Садои Душанбе”