ҚОСИДИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ

РАИСИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ

НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САИД НУРИДДИН САИД БА МУНОСИБАТИ 91 – СОЛАГИИ РАДИОИ ТОҶИКИСТОН

 

Радио дар низоми васоити ахбори омма ҷойгоҳи муҳим дорад, он ба сифати манбаи муътамади маълумот, пахши барномаҳои гуногунжанр, аз як тараф, фазои расонаии Тоҷикистонро мукаммал месозад, аз ҷониби дигар, ба афкори ҷомеа таъсир мерасонад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзудани рақобатҳо дар фазои расонаӣ ҷомеа ба ин расонаи умуми миллӣ эҳтиёҷи зиёд пайдо мекунад.

Радиои “Тоҷикистон” ҳамдаму ҳамроз ва мунису дамсози мардум аст. Ин расона бурду бохти таърихро бо мардуми мамлакат якҷо гузаронидааст. Эҷодкорони асили радио дар лаҳзаҳои ҳассосу табоҳ ва шодиву фараҳ бо ин расона ва дар паҳлуи он буданд.

Радио барои миллатсозии тоҷикон саҳми бориз дошта, шўълаи худшиносии миллиро дар замири ҳаммеҳанон барафрўхт, аркони давлати миллиро побарҷо намуд, муҳимтар аз ин, тоҷиконро ба сифати миллати мутамаддин ба ҷаҳониён шиносонд ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ чун давлати сулҳдўсту башарпарвар муаррифӣ кард.

Радиои замони Истиқлол мазмуни миллӣ касб кард, маҷмўи масъалаҳои умумимиллӣ муҳтавои барномаҳоро ташкилнамуданд, тарғиби сиёсати Пешвои миллат, озодиву Истиқлол, ҳамбастагӣ барои таҳкими амният, оид ба масоили печидаи умумбашарӣ расидан ба ҳусни ният, бозтоби мушкилоти муосири башарият ва таҳкими суботу амният пайваста дар меҳвари барномаҳо қарор доранд.

Радиои “Тоҷикистон” дар саргаҳи низоми радиоҳои кишвар қарор дорад, радиоҳои дигари давлативу ғайриҳукуматӣ аз домони он сабзидаву бархостаанд, ба ибораи дигар, ин расонаи миллӣ баҳри таъсису фаъолияти радиоҳои дигар чун чароғи роҳнамо хизмат намудааст.

Аз оғози фаъолияти Радиои “Тоҷикистон” 91 сол сипарӣ шуд, дар тўли ин солҳо расонаи мазкур ба мардум сабақи зиндагиву дарси худшиносӣ, донишу маърифат омўхт, моро ба гузаштаи пурифтихори худ шиносонд, бо барномаву гуфторҳои ҷолибу гуногунмуҳтаво ба маъвои дили муштариён роҳ ёфт.

Имрўз дар ин даргоҳи меҳр даҳҳо нафар эҷодкорон, муҳаррирон, коргардонҳо, садобардорон ва кормандони техникӣ фаъолият намуда, ба хотири бахшидани ғизои маънавӣ ба аҳли ҷомеа садоқатмандона заҳмат мекашанд. Бинобар ин, тамоми кормандони Радиои Тоҷикистонро ба ифтихори 91-солагии фаъолияти радио табрик намуда, офияти рўзгор ва барору муваффақиятро хоҳонем.

Рўзи таъсисиёбии радио муборак!

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE