Ифтитоҳи Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати КДАМ дар Ворух

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворух бинои нави Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти Ворухро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нав аз се ошёнаи дорои қисми навбатдорӣ, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои зист иборат мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2019 оғоз гардида, давоми се сол бо ҷалби қариб 100 нафар бинокори маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти Ворух ҳамчунин дорои таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, нуқтаи тиббӣ, ошхона, китобхона ва маҷлисгоҳ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити арзандаи кору фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти замонавӣ кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона бар нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар пойдории сулҳу субот даъват намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE