Ошёни баланд

Миллати тоҷик бо доштани фарзандони номовараш ифтихор мекунад, меболад, зеро чунин фарзандон номи Ватанро бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш, бо обрӯву эътибораш, то дуриҳои дур муаррифӣ менамоянд. Устод Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи фарзандони некноми халқи тоҷик аст, ки бо хизматҳои шоёнаш номи миллати тоҷикро машҳури олам гардонидаст.

Дар таърихи халқи тоҷик Мирзо Турсунзодаро ҳамчун адиби ваҳдатсаро, вассофи сулҳу дӯстӣ пайвандгари халқу миллатҳо мешиносанд, зеро сар то сари осори ин суханвари мумтузро ғояҳои баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ, худогоҳӣ фаро мегирад. Мирзо Турсунзода бо меҳнати фидокоронаи худ дар роҳи тарақиёти адабиёти бадеӣ, мустаҳкам намудани сулҳ дар байни мамлакатҳо ва қитъаҳои олам обрӯю эътибори бузург дошт. Устод дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сосиалистӣ» гардида буд. Дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва санати суханварӣ шоири номдори тоҷик бо ситораҳои тобноки адабиёти муосири ҷаҳон дар як поя қарор дошт.

Мирзо Турсунзода ҳамчун як фарди фарҳангии ниҳоят фаъол ва мубориз аз ибтидои солҳои сиюми асри бист то анҷоми умри пурбаракати худ дар навсозии Тоҷикистон, тараққиёти адабиёт, илм ва ҳунари он саҳми арзанда гузошт. Устод Турсунзода чун шогирди содиқу вафодор дар паҳлӯи устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба хотири поягузории адабиёту санъати нави тоҷик хизматҳои шоиставу тақдирсоз кардааст.

Адиб зиёда аз 200 мақола, эссе, очерк ва ёдоштҳои сафарӣ таълиф намудааст, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давр мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Фаъолияти тарҷумонии М. Турсунзода низ зиёда самаранок мебошад. Адиб як қатор асарҳои А С. Пушкин, Т. Г. Шевченко, Н. А. Некрасов, Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламкашони варзидаи халқҳои гуногунро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст. Мероси адабии М Турсунзода дар чор ҷилдди Куллиёти адиб солҳи 1971 – 1985 ба табъ расидааст.

Зиндагиву фаъолияти устод Мирзо Турсунзода басо ибратомӯз мебошад. Умри ин шоири тавонои тоҷик фақат дар тарғибу ташфиқи ватандӯстӣ, дӯстиву бародарии мардумон, боло бурдани сатҳи донишу маърифати ҷомеа пушти сар шудааст. Ҳақиқатан барои ин адиби пуркор ба ҷуз аз муҳаббати Ватан ва хизмати шоиста кардан барои он дигар чизи болотаре вуҷуд надошт.

Устод Мирзо Турсунзода дар ашъори худ фарҳанги волои миллати тоҷикро инъикос намуда, ҳамзамон дар бораи рӯзгори халқҳои ҷаҳон асару мақолаҳо менавишт. Шеъру достонҳои ин симои дурахшони миллат, ки пешрафти Тоҷикистон ва рушду камоли маънавии мардуми кишвари моро бо санъати олии сухан ва маҳорати баланд тасвир менамоянд, далели равшан ягонагии шоир ва халқу Ватан мебошанд. Маҳз донишу таҷриба ва маърифату хиради воло ба Мирзо Турсунзода имкон дод, ки дар вазифаҳои баланиди сиёсиву давлати  фаъолият намояд. Ин шахсияти барҷастаи миллат ҳангоми сафарҳо аз минбарҳои баланд сухан мекарду ҳуввияту фарҳанги куҳани халқи тоҷикро ба ҷаҳониён ошно месохт. Дар ҳар мулоқоту вохӯриаш устод Мирзо Турсунзода бо мардумони касбу кори гуногун танҳо дар бораи сулҳу дӯстӣ ва иттиҳоди одамон сухан мекард.

Дар солҳои ниҳоят ҳасосу душвор барои мардумони шӯравӣ ва Тоҷикистони азизамон устод Мирзо Турсунзода шеъру достонҳои қаҳрамонона меофарид ва мардумро ба ҳимояи Ватан даъват менамуд. Шоир дар нигоштаҳояш корномаҳои родмардони халқи тоҷик ва халқҳои дигарро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ инъикос мекард.

Расул Ғамзатов мегӯяд, “Мирзо Турсунзода идомадеҳи назми бисёрасари халқи худ дар замону шароити дигар аст. + ин корро бо шоистагии шоиронаву ватандорона ба ҷо овард”.

Номи ин шоири ватандӯстро осори гаронбаҳои адабиаш ҷовидона нигоҳ  дошт. Худ ҳар як асари  Мирзо Турсунзода қаҳрамонии бузург аст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки ин адиби рангинхаёл ба шарофати асарҳои беҳтаринаш сазовори олитарин унвону ҷоизаҳо гардидааст. Аз ҷумла, соли 1963 барои навиштани  достони «Ҷони ширин» устод Мирзо Турсунзода ба гирифтиани ҷоизаи адабии ба номи устод Рӯдкӣ ноил гардид. Шахсияти ин марди фарҳанги саҳифаҳои таъриху адбиёти навини тоҷикро ба таври хосса оро медиҳад. Зеро зиндагии ӯ барои имрӯзиён ва ояндагон беҳтарин намунаи ватандорӣ ба шумор меравад.

Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ хизматҳои ин чеҳраи мондагори миллати тоҷик аз ҷониби Роҳбари муаззами миллат қадрдонӣ шуда, ба ӯ унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

Умедҷон ХОЛОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE