Қиёмиддин Чақалов даргузашт
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов, ки бо иҷрои нақшҳои ҳаҷвӣ дар театр ва синамо миёни мардум маҳбубият дорад, субщи имрӯз аз олам даргузашт. Дар ин бора ҳунарманди дигари театр Аъзами Розиқ дар саҳифаи фейсбуки худ хабар дода, ба хонаводаи марҳум сабри ҷамил хостааст.
Ҳунарманд Қиёмиддин Чақаловро аз хурд то бузург ҳама мешиносанд. Мухлисони ҳунарро ба ҳангоми бар забон овардани ном ва ё дидани симои ин ҳунарманди чира дар лабон табассум гул мекунад.
Қиёмиддин ҳанӯз аз овони хурдсолӣ, ҳангоме ки дар синфи 4-уми мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Файзобод таҳсил мекард, дар кружоки дастаи ҳаваскорони мактаб аъзо буд. Суруд мехонду саҳначаҳои ҳаҷвиро бо як маҳорати баланд иҷро мекард. Истеъдоди худододии ӯро дида, ҳангоми дар синфи 6-ум таҳсил карданаш роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳия Ҷӯрабек Шарифов ӯро барои фаъолият кардан ба театр даъват намуд. Ҷӯрабек Шарифов, ки худ ғижакнавози беҳамто буд, устоди аввалини Қиёмиддин дар санъат шуд.
Ӯ ҳар рӯз пас аз дарсҳо омадани Қиёмиддинро интизор шуда, бо ӯ соатҳо машқ мекард. Ҳамин буд, ки Қиёмиддин дар як муддати кутоҳ дар қатори ҳунармандони Хонаи маданият дар назди ҳаводорони шеъру суруд бо ровигӣ ва сурудхонӣ ва иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ машғул шуд.
Қиёмиддин пас аз хатми мактаби миёна мудати ду сол дар Хонаи маданияти ноҳия фаъолият кард. Соли 1964 ӯро барои хидмат ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд. Ӯ хидматро дар Ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қазоқистон адо карда, соли 1967 бо сари баланд ба ватан баргашт. Фаъолияташро дар театри ноҳияи Файзобод давом дод.
Соли 1971 барои мукамал кардани донишу маҳорати худ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи актёрии драма ва кинои Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода супорид. Дар донишгоҳ зери роҳбарии роҳбари курсашон Тамара Абдушукурова истеъдоди худро сайқал медод.
Ҳангоми дар кусри охирин таҳсил кардан кори дипломии онҳо аз рӯи асари Карл Галдуни “Арӯси таърифӣ”-ро ба саҳна гузоштанд. Намоишнома дар саҳнаи театри академиявӣ драмавиии ба номи А.Лоҳутӣ намоиш дода шуд, ки ба тамошогарон ва ҳайъати ҳакамон хеле хуш омад. Баъд аз ин намоишнома Қиёмиддин ва чанд нафар ҳамсабақонашро барои кор ба театр даъват карданд. Ҳоло 40-сол мешавад, ки Қиёмиддин Чақалзода дар саҳнаи ин театри муқаддас кору фаъолият мекунад.
Соли 1989 ҳангоми намоишномаи “Муш ва гурба”, ки баъдтар “Қиссаи аҷибу ғариб” ном гирифт, Қиёмиддин нақши гурбаро иҷро мекард. Дар вақти авҷи нақшофарӣ якбора қаҳрамони саҳна, гурба- Қиёмиддин қалбашро дошта беҳуш шуда афтид. Тамошогарон гумон карданд, ки ӯ нақш меофарад. Вале аз ин ки дер аз ҷояш наҷунбид, ин амали ӯро ҷиддӣ донистанд ва ӯро аз саҳна ба бемористон бурданд. Қиёмиддин ба сактаи дил гирифтор шуда буд.
Азбаски ӯ бо санъати худ, ҳаҷви худ шифобахши садҳо беморон буд, саъю кӯшиш кард, ки пеш аз ҳама табиби хеш шавад. Ӯ шифо ёфта боз ба театр баргашт ва бо ҳунари нотакрори худ дар саҳнаҳои театру кино ва радиову телевизион баромад мекарду мухлисонашро мамнун мегардонд.
Дар муддати чил соли корӣ дар саҳнаи театр зиёда аз 60 нақш офаридааст. Ӯ дар намоишномаҳо ва филмҳои зиёде беш аз чорсад нақш офаридааст. Нақшҳои кӯзагар аз намоишномаҳои “Роҳзан ва кӯзагар”, Боқӣ Раҳимзода аз “Аёдат”, Гурков аз “Гамлет”, Искандар аз “Чорсу”,Семён Пондолфо аз “Арӯси таърифӣ”, Тарано – Ғайратшоҳ аз “Духтари саркаш” ва дар филмҳои “Ашк ва шамшер”- Сияҳсавор, Қассоб аз “Ҷазира”, муаллим аз “Муҷассамаи ишқ”, директории совхоз аз “Сароби хунин” ва даҳҳо филмномаҳову намоишномаҳоро номбар кардан мумкин аст, ки дар онҳо Қиёмиддин Чақалов нақшҳои асосиро бо маҳорати том иҷро кардааст, ки он як умр дар хотири тамошогарони зирак нақш хоҳад дошт.
Қиёмиддин Чақалов баъди чанд рӯз ба синни 76 қадам мегузошт, вале аз панҷаи марг раҳо нагашт. Иллати қалб ӯо субҳи имрӯз ӯро аз байни мо бурд. Ин Ҳунарманди халқии Тоҷикистон 28 апрели соли 1945 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Оиладор ва соҳиби 10 фарзанд аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маданияти СССР» сарфароз гардидааст.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”