Иштироки ҳайати эҷодии Радиои “Тоҷикистон” ва шабакаҳои он дар инъикоси иҷлосияи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)
Ба хотири инъикоси иҷлосияи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуотӣ ташкил шудааст. Дар маркази мазкур барои инъикоси ду чорабинии муҳими сиёсӣ, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, барои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ шароити беҳтарини корӣ фароҳам оварда шудааст. Бояд гуфт, ки ҷиҳати инъикоси ду ҷаласаи муҳими байналхалқӣ ба кишвари мо беш аз 500 хабарнигорони расонаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ омадаанд.
Ҷиҳати инъикоси ҳарду ҷаласаҳо дар маркази матбуотӣ шароити хуби кориву истироҳатӣ муҳайё шудааст. Аз ҷумла, ба ҳар як намояндаи ВАО компютерҳои замонавии дорои интернети босуръат, телефонҳои байналмилалӣ, принтерҳо ҷудо шудааст. Барои инъикоси чорабинии мазкур намояндагони радиои “Тоҷикистон”, шабакаҳои “Садои Душанбе”, “Фарҳанг” ва “Овози тоҷик” таҳти роҳбарии директори радиои “Тоҷикистон” Обидҷон Саидзода иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз – 16 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Дар иҷлосия мазкур Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок мекунанд. Ҳамзамон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба таври онлайнӣ иштирок менамоянд.
Дар рафти иҷлосия Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмон дар давраи байниҷаласавӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард. Инчунин, маълумотро дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати қарибулвуқӯъи СААД дар Ҷумҳурии Арманистон мешунаванд. Дар поёни он қабули Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва тақрибан понздаҳ қарор дар назар аст. Дар нишасти Душанбе давраи фаъолияти ниҳодҳои оинномавии СААД дар доираи раёсати Тоҷикистон ба анҷом мерасад.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”