Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
- Аҳтам Раҷабалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шавад.
- Ҷаъфарзода Латофат Каландар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
16 апрели соли 2021
№158
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи судяи суди иқтисодии
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Қурбоншозода Н. М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қурбоншозода Нозигул Мастоншо аз вазифаи судяи суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
16 апрели соли 2021
№159