IJF: Мавқеи паҳлавонони тоҷик дар раддабандии нав муайян гардид
Федератсияи ҷаҳонии дзюдо раддабандии нави варзишгарони ҷаҳонро нашр кард, ки Сомон Маҳмадбеков дар садри рӯйхати дзюдочиёни Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамчунин Сомон Маҳмадбеков бо 3580 имтиёз дар раддабанди олимпӣ дар мақоми 15-уми бистгонаи имтиёздорони вазни -73 кг қарор гирифтааст. Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи муқаррароти Федератсияи ҷаҳонии дзюдо, паҳлавононе, ки дар сабқатҳои ҷаҳонӣ имтиёзи олимпӣ ба даст овардаанду дар бистгонаи ҳар вазн қарор гирифтаанд, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меоранд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло танҳо ду паҳлавони шинохта- Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳ Устопириён дар бистгонаи вазнҳои худ қарор гирифтаанд.
Комроншоҳ Устопириён бо 2784 имтиёз дар мақоми 20-уми бистгонаи вазни -90 кг қарор дорад. Паҳлавони гаронвазни тоҷик — Темур Раҳимов бо касби 3009 имтиёз як зина болотар аз бистгона- дар мақоми 21-ум қарор дорад.
Дар раддабандии олимпӣ мақоми варзишгарони дигари тоҷик чунин аст: Беҳрӯз Хоҷазода бо 2796 имтиёз дар ҷои 25-ум, Акмал Муродов бо 1024 имтиёз дар мақоми 51-ум, Шакармамад Мирмамадов бо 892 имтиёз дар мақоми 51-ум ва Шаҳбоз Саидаброров бо 876 имтиёз дар ҷои 57-ум қарор доранд.