Расулзода бо Мишустин ва Головченко мулоқот кард

Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия рафт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қазон Сарвазири мамлакатро Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон Алексей Песошин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамин рӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазир, раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин мулоқот намуд.

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика, шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, гумрук, сармоягузорӣ ва кишоварзиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 гардиши молу маҳсулот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соли 2020 973,6 миллион долларро ташкил намуд. Ҳамчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равнақ бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои афзалиятнок зарур шуморида шуд.

Дар идома Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Роман Головченко мулоқот кард.

Дар мулоқот масъалаҳои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минск, содироту воридоти маҳсулоти гуногуни ниёзи аввал ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE