Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт 4 сентябр дар толори қасри фарҳанги шаҳраки Ғарм бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Зимни суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзуъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сухан гуфт.
Маҳмадтоир Зокирзода зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мулоҳизаҳои судманд баён намуд.
Иштироккунандагони маҷлис иброз намуданд, ки воқеан мардуми дурандешу худогоҳи ноҳияи Рашт заҳмату талош ва кору хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ менамоянд ва тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллатро чун ҳарвақта сармашқи кори худ намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои олии пешгирифтаи Ватани азизамон содиқона меҳнат менамоянд.