Сироҷиддин Муҳриддин бо Питер Буриан суҳбатӣ телефонӣ доир кард
Дирӯз, 29 апрел бо ташаббуси Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин суҳбатӣ телефонӣ доир шуд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шуд. Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи вазъи кунунии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон, тадбирҳои андешидашуда оид ба оташбас ва созишнома дар бораи минбаъд ба эътидол овардани вазъ бо истифода аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ иттилоъ дод.
Намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ аз қарори оқилонаи роҳбарияти Тоҷикистон дар бораи ба даст овардани созиш бо давлати ҳамсоя дар бораи оташбас истиқбол кард ва омодагии ИА-ро барои дастгирии техникӣ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар марз иброз дошт.