Кумитаи телевизион ва радио озмуни “Эъҷози сухан” – ро эълон менамояд
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иқдому ташаббусҳои фарҳангдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғиби бештари китобхонию шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди қобилияти эҷодию суханварӣ ва маҳорати касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ дар байни кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита таҳти унвони “Эъҷози сухан” озмуни китобхонӣ ва шеърдониро эълон менамояд.
Маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро ҳакамони озмун муайян мекунанд.
Ғолибони озмун ба таври зерин ҳавасманд гардонида мешаванд:
Ду ҷойи якум – барои ҳар як ҷой 10 000 сомонӣ;
Чор ҷойи дуюм – барои ҳар як ҷой 7 000 сомонӣ;
Шаш ҷойи сеюм – барои ҳар як ҷой 5 000 сомонӣ.
Озмун аз як давр иборат буда, охири моҳи май ҷамъбаст мегардад.
Ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмун то 10 майи соли 2021 қабул карда мешаванд.