Намояндаи Тоҷикистон дар конфронси СИТЕС дар Панама иштирок намуд

Дар шаҳри Панамаи Ҷумҳурии Панама Конфронси 19-уми тарафҳои Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (СИТЕС) баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқодир Мавлодод намояндагӣ намуд.

Дар конфронс муҳокимаи масъалаҳо миёни кишварҳо вобаста ба амалишавии Конвенсияи мавриди назар оид ба ҳифз ва савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоӣ сурат гирифта, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилали доир гардид.

Зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронс мавқеи кишвар вобаста ба якчанд масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоӣ мушаххас гардида, вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони Шӯрои байналмилалии шикор ва ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ, Котиботи Конвенсияи СИТЕС, ҳайати Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор шуд.

Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар конфронс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки ҳамкориро бо Котиботи Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта тақвият бахшад.

Инчунин ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав вусъат дода шавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE