Қирғиз: Таърих, забон ва анъана
Ақвоми чорводор ва саҳронишин, ки худро қирғиз меноманд дар адабиёту миёни халқҳои ҳамсоя бо номи қара қирғиз, киргут ва бурут ёд мешаванд. Қирғизҳо аз рӯи баромади этникӣ ба гурӯҳи халқҳои туркнажод дохил шуда, аз назари антропологӣ ба навъи ҷануби сибирии муғулоидҳо мансубанд.
Зикри қирғизҳо ҳамчун халқияти ташаккулёфта дар адабиёти хаттӣ кам вомехӯрад. Ҳар чи ҳаст осори саёҳону таърихнигорони тоҷик аст, ки ҷое аз ин қавм ёд кардаанд. «Ҳудуд-ул-олам», «Зафарнома»-и Низомиддин Шомӣ, «Таърихи Рашидӣ», «Маҷмаъ ут-таворих»- и Мулло Сайфиддини Ахсикатӣ (Фарғонӣ, а. ХVI), «Бобурнома»-и Бобурмирзо ва ёдгории кӯҳани турки «Девон»-и Юсуфи Балосоғунӣ (а. XI) ва навиштаҳои Маҳмуди Қошғарӣ аз мавҷудияти ақвоми саҳрогард бо чанд ном хабар медиҳанд.
Омӯзиш ва таҳқиқи этногеографии қирғизҳо баъди ба тобеияти Россия ворид шудан, дар нимаи дуввуми асри ХIX оғоз гардид. Қайдҳои ҳайати иштирокчиёни миссияи ҳарбӣ – дипломатии рус бо сардории дорушинос Зибберштейн (1825) ва маълумоти мукаммали саёҳатчиён П.П.Меменов Тян – Шан ва Чокан Валиханов дар бораи этнографияи қирғизҳо нахустин манбаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ мебошанд. Эпоси «Манас» низ дар омӯзиши этнографияи қирғизҳо муҳим мебошад. Вале бештари маводи гирдовардашуда хислати сода ва номукаммал дошта, ба таҳрифи таърих оид буданд.
Омӯзиш нишон медиҳад, ки таърихи қирғизҳо мураккаб аст ва синтез ё омезиши дастовардҳои маданияти Сибирӣ – Осиёӣ ва Осиёи Миёнагист. Шарқшинос В.В. Бартольд дар шинохти қирғизҳо маълумоти фаровоне гирд оварда, аммо дар таърих ва анъанаҳои ақвоми туркӣ зиёдро ба эътибор нагирифтааст. Олимони рус В.В. Радлов, Н.Н. Северов, М.И. Венюков, Г.С. Загражский, Н.И. Гродеков, Н.А. Аристов, Ф.И. Поярков ва сайёҳон – ҳарбиён Г.В. Арендоренко, Д.Н. Логофет ба тариқи объективи ҳаёти маишӣ ва этнографии қирғизҳоро баҳогузорӣ кардаанд. Масъалаи робита ва алоқамандии авлодӣ, хоҷагидорӣ муносибатҳои иҷтимоӣ, дин, фарҳанг, фолклори мардуми қирғиз беҳтар таҳқиқ гардидааст.
Мардумшиноси шӯравӣ Фиельструп Ф.А. ва Н.П.Дыренкова нахустин бор аз нигоҳи талаботи таҳқиқоти илмӣ қирғизшиносиро ба роҳ монда, дар солҳои 20-уми асри ХХ, Н.Х. Калемина, М.Ф. Гаврилов, П.И. Кушнер, Погорельский ва В.Батраков таҳқиқи этнографияи қирғизҳоро идома доданд.
Оғоз аз соли 1926 муҳаққиқони қирғиз ба тадқиқоти илмӣ – этнографии қирғизҳо Белек Солтоноев, С.И. Ильясов, Б.Д. Джамгырчинов ва В.М.Юнусалиев бевосита машғул шуданд.. Тадқиқоти боарзиши омӯзиши этнографияи маҳалҳои Қирғизистон дар давраи Шӯравӣ аз ҷониби Абрамзон С.М. ба анҷом расид. Яке аз проблемаҳои мураккаб ва печидаи таърихи Қирғизистон проблемаи этногенез (пайдоиши) халқияти қирғиз аст. Ин масъала таваҷҷуҳи олимони русро то ибтидои асри ХХ ба худ ҷалб намуд. Дар осори муҳақиқони рус фарзияҳои гуногун оид ба ин масъала мавҷуд аст, ки қирғизҳои тян –шани гузаштагони бевоситаи қирғизҳои онасой–иртишӣ буда, дар ҳудуди имрӯзаи Қирғизистон асрҳои миёна маскан гирифтаанд.
Аристов Н.Н. такя ба манобеи антропологӣ ва этнографӣ ташаккули иттиҳодия ва пайдоиши ақвоми алоҳидаро аз қирғизҳои онасой тахминан 150 сол қабл аз милод дониста, зикр мекунад, ки онҳо ба ғарби Тян-Шан, Турфон ва Помиру Олой дар даврони хеле беъд муҳоҷир шудаанд. Маркази иттиҳоди сиёсииқирғизҳо дар асри IX-X дар водиҳои Урумчи ва шимоли Турфон ба вуҷуд омад.
Профессор А.Н. Бернштам рисолаи алоҳидаро ба проблемаи этногенези қирғизҳо бахшидааст. Ӯ фарзияи муҳоҷиршавии кирғизҳоро аз Онасой 1300 – 1400 сол қабл ба доманакӯҳҳои Тян – Шан таъкид мекунад. Дар робитаи байниҳамдигарӣ бо ақвоме, ки қабл аз омадани қирғизҳо ба Тян- Шан дар ин сарзамин маскан доштанд, тоифаҳои халқияти қирғизӣ ба ҳам меомезанд. Вале аз ташаккули халқияти қирғиз ному нишон набуд.
Бо андешаи профессор А. Н. Бернештам раванди ташаккули қавму қабилаҳои қирғиз асрҳои XIV – XV оғоз ёфта, дар асри XVI ба анҷом мерасад. Қирғизҳо меросхӯри дастовардҳои фарҳангии гузаштагони худ дар Тян- Шан буда, қисме ба сифати компонент ба ҳайати ақвоми дигари туркӣ дохил шуданд. Муҳаққиқи овозадори қирғиз Абрамзон С.М. қайд мекунанд, ки миёни қирғизу қазоқҳо, ки мардуми кучӣ ҳастанд, барои чарогоҳ ҳамеша задухурдҳо рух медоданд ва ин ду аз ақвоми гуногун, ки дар ҳудуди паҳновар зиндагӣ мекарданд, мукаммал шудаанд.
Омӯзиш ва таҳқиқи таърихи асримиёнагии қирғизҳо хеле норушан аст. Андак будани сарчашмаҳои хаттӣ, имконият намедиҳад, ки таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангии қирғизҳо таҳлилу баррасӣ гардад.
Дар муддати беш аз як аср фарзияҳои зиёд тавлид гардида, паҳлуҳои гуногуни таърихи этникии қирғизҳоро рушан намуд. Масъалаи мазкур то имрӯз идома дорад. Дар осори таърихӣ оид ба мавҷуди ду умумияти этникӣ бо номи «қирғиз», ки дар қадим дар ҷануби Сибир ва Онасой, дар даврони баъдина – дар қисмати шарқии Осиёи Миёна, кӯҳҳои Тян – Шан ва Помиру – Олой мавқеият доштанд, сухан меравад. Дар навиштаи В.П. Макриним ва В. М. Пеоских «Таърихи Қирғизистон», ки осори боэътимод шуморида мешуд, муҳоҷирати халқи қирғизро аз соҳилҳои Иртишу Онасой ба қалам дода, сакоиҳоро аз мардумони нахустини ин сарзамин мешуморанд.
Гумони ғолиб аст, ки асар то тавлиди амбитсияои худхоҳии пажӯҳишгарони қирғиз рӯй кор омада, ки воқеъбинона менависанд: «… марзҳои кӯҳани қирғизҳо дар қисматҳои ғарбии Муғулистон, тақрибан дар ҳудуди кӯли Қирғизнур ҷой гирифта буд».
Яке аз мушкилоти илми таърих дар ташреҳи этнонимии қирғиз рӯ мезанад. То баҳол маънидоди илмӣ ва дақиқ ба вуҷуд наомадааст. Дар ривоятҳо бо номи қирғиз ва оқ – қалпоқ вомехӯрад, вале ин номи ягонаи иттиҳодияи қавми саҳронишин набудааст. Барандагони ин этноним (то асри XVI – XXII) дар як давру замон дар Сибири ҷанубӣ, Туркистони Шарқӣ: Тян – Шан, Помиру Олой, андаке дар Осиёи Миёна ва Даштҳои қазоқ, назди Урал (миёни бошқирҳо), яъне марзҳои паҳновар, аз ҳамҷудо зиндагӣ мекарданд. Ин қабилаҳо номҳои хоса доштанд, ки ба шароити маҳал мувофиқ буд.
Фазои густариши қирғизон аз болооби Енисей то Тува ва Байкалро ташкил дода, сарҳади ҷанубӣ то Туркистони Шарқиро фарогир буд. Аз рӯи решашиносӣ метавон ҳайати этникии қирғизҳоро ба қирғизҳои қадим (қипчоқ, мундуз, кушчу кандӣ) ва ҷадид (нойгут, қатаған, ҷедигер) қисмат кард. Агар таърихи қирғизҳоро бо қипчоқҳо бипайвандем, пас он дар сарчашмаи туркзабонон «Девон»-и Юсуфи Балосоғунӣ (асри XI) вомехӯрад, ки дар Ҳафтрӯди Туркистони Шарқӣ ба саҳрогардӣ шуғл доштанд. Қипчоқҳо – қабилаи хос дар миёни оқ – қалпоқҳо ба шумор рафта, раҳнамо ва ҳукмрон, оқсақол (аз истилоҳи «бийлен чикты» – роҳбар, соҳиб, молик) буданд. Тасдиқро мо дар достони эпики «Манас» низ пайдо хоҳем кард. Дар достон нақши муҳимро ҳамасри Манас хони қипчоқон Урбахон дорост.
Мувофиқи пажӯҳиши гурӯҳе аз олимон (К.И. Петров) баромади ин қабилаҳо аз заминаҳои миёнаи Иртиш ва Енисей буда, дар миёнаҳо ва қисмати дуввуми асри XIII ба Тян- Шон ҳаракат мекунанд. Дар даврони баъдитемурӣ (асри XV) ҳаракат характери оммавӣ гирифта, ба ташаккули халқияти қирғиз асос мегузорад. Қабилаҳои ҳавзаи давраҳои тулони паҳновар ба тарзи зист, шароити табиӣ, анъанаҳои чорводорӣ ва гаҳрогардӣ умумият дошта, дар иртибот буданд. Аз назари муҳаққиқон ин қабилаҳо иттиҳодияи сиёсиро таъсис доданд, ки ба пайдоиши халқияти қирғиз дар асри XV сабаб шуд. Ва номи қирғиз ҳамчун этнос, на этноним ба вуҷуд омад. Вале иттиҳодияи сиёсии қабилаҳо дар заминаи муносибатҳои авлодӣ (қавмӣ, улусӣ) зуҳур мекард. Ҳанӯз дар асри XVI ва пасон низ қабилаҳо ба қаноти рост (Оқ) ва қаноти чап (Сол) ҷудо мешуданд. Қабилҳои қаноти росту чап муттаҳид шуда, бо номи ичкилик худро қирғиз муаррифӣ намуданд. Онҳо аз рӯиҳаёти қабилаҳои фарогир ва баъзе хосиятҳои моддӣ ва маънавӣ фарқ доранд. Ин замон ҳайати қабилаҳои Билгача (ё отуз уси-фарзанд) дар шимоли Қирғизистон, Шинҷону Уйғури Чин ва ичкилик дар минтақаҳои ҷануби Қирғизистон ва навоҳии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Як гурӯҳи қабилаҳое, ки дар Қирғизистон зиндагӣ доранд, дар асри ХХ бо номи «чалақазоқ» шинохта мешуданд.
Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ қабилаҳои саҳрогард дар бунёди халқияти узбек низ саҳм дорад. Дар «Зафарнома»-и Низомиддини Шомӣ булгачҳо бо солучӣ калучӣ якҷо ёд мешаванд. Дар он аз ҷумла оварда шудааст, ки баъд аз марги Вайсхон булгачҳо бо солуч (калуч)- ҳо ва дигар қабилаҳо ба дашти Қазоқ роҳ гирифта, бо Абдулхайрхон пайвастанд. Дар «Таърихи Рашидӣ» омадааст, ки дар чоряки дуюми асри XV булгаҷҳо бо қабилаҳои бодиягарди ӯзбекҳо бо сарварии Абдулхайрхон ба иттиҳод даромаданд. Шуғли асосии қабилаҳои қирғиз чорводорӣ буд. Дар баробари чорвои маъмул, бино навиштаи Бобурмирзо «Бобурнома» қабилаҳои қирғиз дар кӯҳҳои миёнаи Фарғона ва Қошғар ба парвариши қутос (хушгов) машғул буданд.
Бино ба навиштаи Г.В. Арендаренко дар нимаи дуюми асри ХlХ қирғизҳо дар хидмати мардуми тоҷик буданд ва бештар ба сифати саисон, чупонон ва нигаҳбонони кишту боғот истифода мешуданд. Аз соҳилҳои рӯди Чӯ ба тадриҷ, қирғизҳо ба заминҳои мардумони муқимии Осиёи Марказӣ сар дароварданд. Агар нисбаташон меҳрубонӣ мешуд: ба онҳо ҷойи зист муайян ва ё ба хонадор шуданашон мусоидат мекарданд. Онҳо як умр хизматгари содиқ мемонданд. Ҳамин тавр бо тадриҷ ба водии Фарғона ва минтақаҳои Хонигарии Бухоро роҳ ёфтанд.
Аз пажӯҳиш маъмул мешавад, ки қирғизҳо хати содаи худро низ доштанд, вале осоре аз он мавҷуд нест. Солшумориашон ба сурати мурчал – аз занҷираи 12 ҳайвон иборат буда, таълимоти шаманӣ мояи этиқодашон ба шумор мерафту баъдан ба ислом гаравиданд. Дар асри ХХ қирғизҳо соҳибкитоб ва соҳиби замин шуданд. Соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Қара – Қирғизистон таъсис ёфт ва соли 1936 ҷумҳурии соҳибихтиёр гардид.
Ҷонибек АСРОРИЁН,
номзади илмҳои таърих, дотсент
Раҳмоналӣ ШАРИФОВ,
доктори илмҳои таърих, профессор