Хатсайри нави сайёҳии «Душанбе – Данғара – Балҷувон – Ховалинг» ифтитоҳ гардид (гузориши муфассал)

Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳанги таърихӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои кадима, маҷмааҳои меъморӣ-бостонӣ, мавзеъҳои нодири таърихӣ ва табиӣ, обҳои шифобахш   буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд,  мардуми тамаддунофар ва мавқеи ҷуғрофиаш ба куллӣ фарқ мекунад. Аз тадқиқоти  олимон муайян гардидааст, ки  дар қаламрави Тоҷикистон 900 гектар комплекси табиӣ бо 40 намуди ландшафт—манзара  мавҷуданд, беш аз 200 чашма, аз ҷумла 40 чашмаи гарму 2 ҳазор намуди растаниҳои шифобахш вуҷуд дошта, бо шароити махсуси иқлимиаш аз дигар кишварҳо фарқ менамояд, зеро Тоҷикистон дар 1 сол қариб 300 рӯзи офтобӣ  дорад.

Рӯзҳои 4 – 5 апрели соли равон, дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати логистикии «Asian Express» хатсайри нави сайёҳии «Душанбе-Данғара-Балҷувон-Ховалинг» ташкил карда шуд, ки аввалин шуда, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ва бархе намояндагони ширкатҳои сайёҳии мамлакат ва ширкати логистикии «Asian Express» тавассути ин хатсайр ба минтақаҳои сайёҳии Данғара, Балҷувон, Ховалинг ва Муъминобод сафар намуда, бо имконияту иқтидорҳои табиии ин гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон, ки бо ёдгориҳои таърихию  фарҳангӣ, табиати бою нотакрор, мардуми некухисол, обу  чашмаҳои софу зулол, рӯдҳои кӯҳии хурӯшон ва олами бои набототу ҳайвонот қалби садҳо сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷиро тасхир намуда, шӯҳраи ҷаҳон гардидаанд, шинос шуданд. Ба ҳайати боздидкунандагони хатсайри нави сайёҳии «Душанбе-Данғара-Балҷувон-Ховалинг» намояндагони ВАО шомил буданд, ки таассуроти онҳоро аз ҷараёни сафар ба таври гузориши муфассал манзури хонандагон мегардонем.

Хатсайри нави сайёҳии Душанбе –Данғара-Балҷувон –Ховалинг аз терминали ширкати логистикии  «Asian Express» шурӯъ гардид. Муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Хукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода ба  мусофирони хатсайри нави сайёҳӣ роҳи сафед таманно намуда, ифтитоҳи хатсайри нави сайёҳиро қадами муассир дар рушди соҳаи сайёҳии кӯҳию варзишӣ, экологӣ, таърихию маърифатӣ, этнографӣ ва истироҳатӣ дар мамлакат ва муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон, хусусан манзараҳои нотакрору афсунгари Хатлонзамин ба ҷаҳониён тавассути ВАО арзёбӣ намуд.

Данғара —  нуқтаи нахустини хатсайри нави сайёҳӣ ва боздид аз «Хӯшаи гандум»

Ҳангоми ворид шудан ба нуқтаи аввалини хатсайри нави сайёҳӣ таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон нахуст ба рамзи «Хӯшаи гандум», ки дар даромадгоҳи Данғара дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ бунёд шудааст,  ҷалб мегардад.  Сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил дода, дар қисми болоии рамз соли таъсис ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ сабт гардидаанд. Ҳудуди он бо ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳо оро дода шудааст. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардидааст. Данғара яке аз ноҳияҳои аграрии Тоҷикистон буда, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, хусусан гандум муваффақ мебошад. Бунёди рамзи  «Хӯшаи гандум» дар даромадгоҳи Данғара шаҳодати фаровонии гандум ва дар маҷмӯъ маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат буда, ҳикмати халқиеро ба ёд меорад: «Хонаатон пур аз гандум шавад».

  «Хуррамшаҳр» қалби ҷаҳонгардонро тасхир намудааст

«Хуррамшаҳр»-и Данғара Маркази фароғатӣ буда, зарфи се сол –2007- 2010 аз ҷониби устоҳои чирадасти тоҷик дар масоҳати се гектар бунёд гардида, бо шукӯҳу шаҳоматаш қалби садҳо нафар ҷаҳонгардонро тасхир намудааст. «Хуррамшаҳр», ки дар Осиёи Марказӣ беназир ва нодир мебошад,   аз толорҳои сангин, кандакорӣ ва нақшкорӣ иборат буда, бо усулҳои гуногуни аз ҳамдигар фарқкунанда ороиш ёфтааст. Гуногунрангии ороишот то ба ҳаддест, ки ягон гулу ороиши наққошӣ ва ё кандакорӣ такрор намешавад.

Дар ороиши толорҳо ҳунари волои устоҳои забардасти чӯбтарош, сангтарош, гаҷкор, оинабандон, рассомону наққошон истифода шудааст. Кандакориҳои рӯйи чӯб, санг ва гаҷ, ки бештараш дар болои оина шинонда шудаанд, яке аз дигаре ҷаззобтар аст.

 

Дар ороиши Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» ҳамчунин осори меъмории шаҳрҳои қадимаи мардумони тоҷику форс истифода ва сайқалу такмил дода шудаанд.

Ҳангоми тамошои «Хуррамшаҳр» ҳар як сайёҳ аз тамошои нақшу нигор ва кандакориҳои болои чӯб, гаҷ ва сангҳои ороишӣ, аз қабили мармару хоро як ҷаҳон таассурот бардошта, бо санъати баланди бостонии меъмории тоҷикон шинос  мегардад. «Хуррамшаҳр» Маркази бузурги баргузории тантанаю чорабиниҳои идона ва фарҳангӣ, қабули меҳмонону сайёҳон  ва дӯстдорони хӯрокҳои миллӣ аст.
Ду толори калони мунаққаш, ки бо нақшу нигор ва кандакориҳои болои чӯб ва бо гаҷкорӣ ороиш ёфтаанд, дар як вақт метавонанд то 400 нафар меҳмононро қабул намоянд. Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» ҳамчунин дорои 4 толори хурд аст, ки ҳар яке имкони қабули то 25 нафар меҳмонону сайёҳонро доранд. Дар атрофи бинои «Хуррамшаҳр» катҳо ва суҳбаткадаҳо ҷойгиранд, ки барои қабули меҳмонону сайёҳон махсус гардонида шуда, дар як вақт имкон доранд ба 700 нафар хизмат расонанд.
Шафати «Хуррамшаҳр»-ро ниҳолҳои нодир, гулу гулгашт ва  фаввораҳо оро медиҳанд.

 

Қасри фарҳанги Данғара дар минтақа беназир аст

Бинои муҳташами Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара, ки соли 2019 бо иштироки Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст, аз сӯи устоҳои ҳунарманди тоҷик бо тарҳи хеле нодир бунёд гардида, аз се ошёна иборат аст. Дар Қасри фарҳанг  китобхонаи электронӣ, ки аз 52 ҳазор диски китоб иборат аст,  қироатхона, анбори нигаҳдории китоб барои 19 ҳазор адад китоб хизмат мерасонанд. Иншоот дорои муосиртарин имконият барои фаъолияти аҳли фарҳанги ноҳияи Данғара буда, дар бунёди бино сохтмончиён тамоми талаботи меъёрҳои меъморию сохтмониро ба инобат гирифтаанд. Ин аст, ки ҳашамат, намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, бунёди дару девор бо сангҳои ороишии ватанӣ, кандакорӣ, гачкорӣ, оинабандӣ Қасри фарҳангро  мунаққаш намудаанд ва дилхоҳ сайёҳи хориҷӣ зимни боздид аз он ба ваҷд меояд.

Дар Қасри фарҳанг осорхонаи Пешвои миллат ташкил карда шудааст. Дар ин ҷо толори тамошобинон бо 700 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи машқи раққосон мавҷуд аст. Дар ошёнаи сеюм толори маҳфили адибон барои 176 ҷойи нишаст, толори зиёфат барои 140 нафар, ҳуҷраи хизматрасонӣ, осорхона, айвони нишасти тамошобинон аз се тараф барои 210 ҷойи нишаст бунёд гардидаанд. Дар бинои Қасри фарҳанг синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, компютерӣ, бозиҳои  шоҳмот ва шашка, конструкторони ҷавон, дӯзандагӣ амал менамоянд. Ҳамзамон майдони атрофи қаср сабзу хуррам гардонида шуда, бунёди шаршара ва фаввора ба атрофи иншоот ҳусни тоза зам кардааст, ки он яке аз ҷойҳои дӯстдоштанӣ, сайругашт ва истироҳатии на танҳо сокинон, балки меҳмонону сайёҳон мебошад.

Балҷувон: Қалъаи Мири Балҷувон таъмир мегардад

Балҷувон- ин ноҳияи кӯҳистон бо табиати нотакрораш яке аз мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон аст, ки дили сайёҳони дохилию хориҷиро ба ваҷд овардааст.

 

20 сол муқаддам, моҳи ноябри соли 2001 Ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди ноҳияи Балҷувонро Минтақаи байналмилалии сайёҳӣ эълон намуда буд. Тобистони соли 2002 Барномаи комплексии рушди ноҳия барои солҳои 2002 -2012 ҳамчун минтақаи туризми байналмилалӣ қабул гардид, ки дар ин барнома тадбирҳо оид ба рушд ва истифодаи иқтидори сайёҳии ноҳия мушаххас шуда буданд. Дар натиҷа дар доираи татбиқи ин барнома дар ноҳия се меҳмонхонаи сеситорадор, пойгоҳи сайёҳӣ, маркази солимгардонӣ ва осорхонаи кишваршиносӣ бунёд гардиданд.

Тавре ки муовини аввали Раиси ноҳияи Балҷувон  Маърифат Зоирзода иброз дошт, «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон бо мақсади рушди сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ноҳия мебошад, тадбирҳои муассир андешида, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Хусусан дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо нафар мутахассисон ва роҳбаладон аз ҳисоби ҷавонони ноҳия, ки дар риштаи сайёҳии донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намудаанд, омода гардиданд. Инчунин бо мақсади тайёр кардани армуғонҳо мақомоти ноҳия бо занони ҳунарманди Балҷувон ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Дар ноҳияи Балҷувон сол аз сол инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ рушд намуда, даҳҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхонаю ҳостелҳо бунёд мегарданд, ки ба рушди сайёҳӣ дар ноҳия мусоидат менамоянд. Ҳамзамон яке аз ёдгориҳои таърихии Балҷувон Қалъаи Мири Балҷувон аст, ки то охири соли равон таъмиру таҷдид мегардад. Имрӯзҳо Осорхонаи кишваршиносии ноҳия фаъолияти густурда дорад. Маърифат Зоирзода афзуд, ки бунёди  роҳҳо ва пулҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар, хусусан ноҳияи баландкӯҳи Балҷувон, ки минтақаи туризми байналмилалӣ эълон гардидааст, нақши муассир дорад. Ин аст, ки маҳз бо шарофати ғамхорию дастгириҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон роҳу пулҳо ва дигар иншооти барои хоҷагии халқ муҳим бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, дар рушди соҳаи сайёҳӣ нақши муассир мегузоранд. Дар ноҳия дар зарфи се соли охир се пул сохта шуд, ки онҳо Балҷувонро бо Ховалинг пайваст менамоянд. Ҳамзамон ба истифода додани роҳи мошингарди Кангурт –Балҷувон-Ховалинг на танҳо ба сатҳу сифати зиндагии сокинони ин ноҳияҳо мусоидат менамояд, балки барои боздиди меҳмонону сайёҳоне, ки ба ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон бештар сафар менамоянд, хеле мувофиқ аст. Инчунин бунёди роҳи мошингарди Балҷувон –Сари Хосор, ки алҳол сохтмонаш идома дошта, соли 2022 ба истифода дода мешавад, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва туризм дар ин минтақа нақши калидӣ мебозад.

Ховалинг — макони чашмаҳои мусаффо ва чанорҳои куҳан

      Ховалинг-ин сарзамине, ки  дар он даҳҳо нафар нобиғаҳои илму фарҳанги тоҷик чашм ба олами ҳастӣ кушода, ба камол расидаанд, бо   обу чашмаҳои софу зулол, чанорҳои куҳан, табиати зебо ва  мардуми  некухисолаш  садҳо нафар ҷаҳонгардонро мафтун намудааст.  Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия Ховалинг даҳҳо инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ба истифода дода шудаанд, ки ба сайёҳон дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд. Феълан дар ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 5 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 10 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фурӯши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ мавҷуд буда, 9 харитаи сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо овезон карда шудаанд. Шумораи умумии меҳмонхона ва хостелҳо 15 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо имкони қабули то 500 нафар меҳмонон дар як вақт мавҷуд аст.

Чашмаҳои Занбурак, Сурсақова, Қазған, Курушак ва Чилчанор, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ, Дараи Мухтор –зодгоҳи Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, маъбади буддоии Чепол ва боз даҳҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки дар Ховалинг ҷойгиранд, шаҳодати таърихи қадимӣ доштани ин ноҳияи баландкӯҳанд. Хусусан солҳои охир бо мақсади рушди сайёҳӣ дар ноҳия даҳҳо километр роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байнамилалӣ ба истифода дода шуданд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Хатлон мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, ба истифода додани 5 километр роҳи мошингарди Панҷариён — Шугнов ва 15 километр роҳи Шугнов – Ховалинг, инчунин роҳи мошингарди «Чилдухтарон-Ховалинг» бо дарозии 12 километр ба анҷом расонида шуд.

Ба истифода додани ин роҳ рафтуомад тавассути ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалингро  қариб 70 километр кӯтоҳ намудааст.  Бунёди роҳи мошингард аз мавзеи Чилдухтарон то ноҳияи Ховалинг барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ имконияти фарох фароҳам оварда, сайёҳони дохилию хориҷӣ дар баробари тамошои манзараҳои нотакрору дилфиреби Сари Хосор, Балҷувон, Кангурт, Хуррамшаҳр, Ҳулбук, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ҳамчунин бо урфу одат, суннату оинҳои мардумӣ ва таьриху фарҳанги мардуми тоҷик шинос мегарданд. Зеро роҳи нав аз минтақаи сайёҳии Чилдухтарон аз доманаи кӯҳҳои сарбафалаки сабзпӯш, манзараҳои дилфиребу нотакрор, анбӯҳи дарахтони мева ва гулу гиёҳҳо мегузарад. Ин масир василаи ҷалби сайёҳон буда, ба рушди минбаъдаи ин минтақаи кӯҳистон замина мегузорад. Роҳи мошингард бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофияш оянда дар бунёди инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва муаррифии имконияти сайёҳӣ нақши муассир хоҳад гузошт ва барои садҳо сокинони кӯҳистон ҷойҳои корӣ муҳайё месозад.

Меҳмонхонаи «Чилдухтарон» дар қалби кӯҳҳо қомат афрохтааст

Маҷмааи «Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии «Чилдухтарон» бо тарҳу намои муосир дар оғӯши кӯҳҳои Чилдухтарон бунёд гардидааст. Дар дохили маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» меҳмонхонаи панҷошёнаи «Чилдухтарон» бо шароити муосири хизматрасонӣ бунёд шудааст, ки дар як вақт имкони қабули сад нафарро дорад.   Тавре корманди масъули Маҷмааи «Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон» Шовалӣ Забиров гуфт, меҳмонхонаҳо, ки  дар қалби кӯҳ сохта шудаанд, дар шаклҳои мухталиф бунёд гардида, хизматрасонӣ дар онҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ шудааст.

 

Мавсуф афзуд, ки бунёди инфрасохтори ноҳия ва ба талаботи сайёҳӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро ноҳияи Мӯъминобод дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди туризми кӯҳӣ, варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ мувофиқ аст. Минтақаи «Чилдухтарон» барои тамошои сайёҳони дохилию хориҷӣ хеле ҷолиб аст. Ба ин ҷо бештар шаҳрвандони хориҷӣ барои истироҳат ва тамошо меоянд,- мегӯяд Шовалӣ Забиров. Дар ҳамин мавзеъ ширкати «Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон» ҷиҳати тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ дар шафати меҳмонхона барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ хонаҳои гуногун, аз қабили хонаҳои  хатлонӣ, суғдӣ, бадахшонӣ ва навоҳии тобеи марказро бунёд кардааст, ки дар онҳо шароити мусоид  фароҳам аст. Дар маҷмӯъ бо илова ба истифода додани ин хонаҳо, дар мавзеи Чилдухтарон барои қабули 150 сайёҳ имконияти сатҳи баланди пазироӣ фароҳам оварда шудааст.

 

«Чилдухтарон» — нишонаи покдомании занони тоҷик

Сафари намояндагони нахустин хатсайри сайёҳии Душанбе-Данғара-Балҷувон-Ховалинг ба кӯҳи Чилдухтарон тавассути  роҳи мошингарди «Чилдухтарон-Ховалинг», ки домони кӯҳҳои осмонбӯсро убур менамояд, сурат гирифт. Ҳангоми ҳаракат тавассути ин роҳ, ки аз сатҳи баҳр беш аз ду ҳазор метр баланд аст, кӯҳҳои сабзпӯш, манзараҳои дилфиребу нотакрори табиат, олами бои набототу ҳайвоноти ин минтақаро метавонед тамошо намоед. Чилдухтарон бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффояш қалби  сайёҳонро тасхир намудааст. Маҳз дар домони ин муъҷизаи табиат порае аз филми «Рустам ва Сӯҳроб» аз рӯи шоҳасари безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ-лаҳзаи  набарди Рустам бо Суҳроб ба навор гирифта шудааст.  Ин мавзеи зеборо ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ орзуи дидан доранд. Чилдухтарон номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминобод ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одамшаклеянд, ки асрори худро доранд. Онҳоро мардуми Хатлон «Чилдухтарон» ном ниҳодаанд. Дар асл ин пайкараҳои сангин барои ҳар тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию иффат ва ватанпарвариянд. Оид ба кӯҳҳои Чилдухтарон миёни  мардуми таҳҷоӣ ривоятҳои зиёду гуногун мавҷуданд. Тибқи ривоятҳо, чил пайкараи сангии кӯҳи Чилдухтарон нишонаи покдомании занони тоҷик мебошанд. Дар маҷмӯъ мавзеи «Чилдухтарон» ҳамчун ёдгории беназири табиӣ ва даҳҳо ёдгориҳои дигари таърихиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб кардаанд.

Дар ноҳияи Мӯъминобод ҷалби сайёҳон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ афзоиш ёфта, дар ин ҷо сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ ва табобатӣ ба роҳ монда шуда, дар ҳоли густариш аст. Дар маҷмӯъ дар ҳудуди вилояти Хатлон 153 ёдгориҳои таърихӣ, 326 адад бостонӣ ва 30 ёдгории шаҳрсозию меъморӣ ба қайд гирифта шуда, туризми транзитӣ, экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, сайёдӣ, фарҳангӣ, зиёратӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ, ки хоси ин минтақаанд, рушд намудааст. Мавзеъҳои сайёҳии кишвар, хусусан минтақаҳои дурдаст  бо таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории афроди бунёдкор ободу зебо гардида, инфрасохтори зарурӣ барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ бунёд мешаванд, ки аз дурнамои  рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон башорат медиҳад.

                                                               Марзия САИДЗОДА,

Мирсаид САТТОРИЁН,

Душанбе – Данғара – Балҷувон – Ховалинг – Муъминобод – Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE