Таъмири кулл ва ҷорӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок

Чанд рӯз пеш таъмири ҷорӣ ва куллии мавсими имсола   дар масири  мошингарди Душанбе-Чанок, ки аз минтақаи  Варзоб, Зарафшон ва Суғд мегузарад, шурӯъ шуд. Кормандони роҳи мазкур бо азми қавӣ ва омодагии ҷиддӣ ба иҷрои корҳо сар кардаанд. Ҳамзамон дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки садҳо километр таъмири ҷорӣ ва даҳҳо километр роҳ таьмири куллӣ шаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хосса аст.

Таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали ширкат дар ин самт масъулиятшинос мебошанд. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳм мегузоранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE