Истиқлол ва ҷавонон

Ҷавонон қишри муҳим ва ҳассоси ҷомеа маҳсуб мешаванд. Фардои ватан аз насли ҷавон ва тақдири ҷавонон аз чигунагии ояндаи Ватан муайян мегардад. Ояндаи дурахшони ватан аз ҷавонони бофазлу дониш ва зираку хушёр вобаста аст ва онҳоро беҳуда насли созанда намегӯянд. Бахусус, дар кишвари мо, ки 70 дарсади аҳолро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Истиқлоли давлатии мо 9 сентябри соли 1991 қабул гашт ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои рушду нумӯи насли ҷавони кишвар ҳамаҷониба талош намуда, тӯли 30 соли истиқлол имконият ва шароити заруриро муҳайё намуданд, то ҷавонони тавонанд донишҳои муосир ва заруриро аз худ кунанд, ҳамқадами замон, ҳамқадами илму техника ва истеҳсолот бошанд. Ба ҳамин хотир дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамасола озмунҳои фаннӣ байни хонандагон баргузор мегардад, ки натиҷаи дилхоҳ медиҳад.. Чуноне ки ҳамаи мо шоҳидем, на ҳамаи ҷавондухтаронро иҷозаи таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо медоданд.

Маҳз бо ташаббуси Истиқлоли меҳан имрӯз духтарон аз тамоми тамоми гӯшаю канори ватан дар мактабу донишгоҳ ва донишкадаҳои кишвар таҳсил ва кору фаъолият менамоянд. Барои духтарони деҳоти дурдаст квотаҳои президентӣ таъсис дода шудааст ва имрӯз ҳар ҷавони болаёқат метавонад, тариқи квотаҳои президентӣ дар дилхоҳ донишгоҳҳои кишвар таҳсил намояд. Ҳукумати кишвар барои омода намудани кадрҳои хуби ихтисоснок саъю талош менамояд ва дар пешрафту рушди босуботи ватан саҳми ҷавононро дидан мехоҳад. Барои ҳамин Пешвои миллат дар суҳбатҳои худ ба ҷавонон пайваста таъкид менамоянд, ки забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро аз худ кунанд, кор бо технологияи муосирро омӯзанд ва донишҳои муосирро аз бар намоянд.

Ҳанӯз панҷ сол қабл дар Паёми солонаашон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, чунин иброз намуда буданд: “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Таҷрибаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собит менамояд, ки омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушду пешрафти ҳар кишвар аст. Азбаски насли ҷавон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат неруи демократии давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад.

Маҳз ҳамин ҷанбаҳои муҳиму тақдирсози кишварамонро ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро «Соли ҷавонон» эълон намуда буданд. Вале ин на ба он маъност, ки Ҳукумати кишвар танҳо соли 2017 ба масъалаи ҷавонон рӯ овард, балки равшан сохт то мо насли ҷавон огаҳ бошем, ки сиёсати ҷавонон таҳкурсии сиёсати давраи Истиқлолро ташкил медиҳад. Зеро Тоҷикистон дар миқёси давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шуда, 13 марти соли 1992 Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» – ро қабул намуд. Тоҷикистон бо давлатҳои бузурги Аврупову Осиё ва Амрико равобиту шартномаи дуҷониба дорад ва ҷавонони мо метавонанд дар хориҷи мамлакат низ таҳсили илм намоянд.

Барои рушди бештари соҳаи маориф, ҷалби наврасону хонандагон ва донишҷӯён ба китобхониву шеъргӯӣ ва ғазалсароӣ, Ҳукумати кишвар тайи чанд соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯи маърифат”-ро ба роҳ монд. Озмуни мазкур дӯстдорони китоб ва каломи бадеъро хеле фаъол гардонд ва ҳамасола ҳазорҳо нафар хонандагон ва донишҷӯён аз сартосари кишвар дар озмун иштирок намуда, беҳтаринҳо соҳиби ҷой ва мукофот мегарданд. Озмуни мазкур хеле ҳам саривақтӣ ва айни муддао буда, дубора насли ҷавонро ба китобхонӣ ва шинохти осори адибону нависандагони бузурги ватаниву ҷаҳон таҳрик намуд. Агар насли ҷавон бесавод монад, ин фоҷиаи миллат аст ва гурӯҳҳои тундрав онҳоро ба доми бало ва фиребу найранг гирифтор мекунад. Мағзшӯ кардани ҷавонони таҳсилдида кори осон нест.

Дар 30 соли Истиқлол ҷавонони тоҷик дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла варзиш, санъату ҳунар, тибу фарҳанг муваффақ гаштанд. Тайи солҳои охир майдонҳои хурду бузурги варзишӣ таъсис ёфта, наврасону ҷавонон ба варзиш ҷалб карда шуданд. Варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, бо ҷойҳои намоён ва ҷоизаю мукофотҳо ба ватан баргаштанд, ки дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Ояндаи неки ватан аз ояндаи дурахшони мо ҷавонон вобаста аст, пас маврид аст, ки омӯзем, хонем, касб андӯзем ва ба ватан хизмат намоем.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE