Душанбе: Шоми ҷавонӣ доир гашт

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ ба масъалаи ҷавонон эътибори махсус зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун давомдиҳандаи наслҳо ва ояндаи миллати тоҷик меҳисобад. Ҳамчунин барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби ҷомеа дар паёмҳои худ ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат супоришҳои махсус медиҳанд.

Бо дасгирии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҷавонони пуртаҷриба ва лаёқатманд ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин нишонаи таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакатро нисбат ба ҷавонон нишон медиҳад. Баъди ба имзо расидани ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳаёти ҷовонон низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки минбаъд ба эҳсоси ватандӯстиву худшиносии онҳо таъсири мусбии худро расонид. Баргузоршавии мулоқотҳои сарвари давлат бо ҷавонони кишвар ва тайини Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро низ метавон самараи ин ҳуҷҷати муҳим ва ҳосили ваҳдати миллӣ ҳисобид.

Дирӯз дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар майдони 800 – солагии Москваи назди Театри академӣ – драммавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш чорабинии фаҳангии шоми ҷавониро таҳти унвони “Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони МИҲД ш. Душанбе, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва як қатор вазорату идораҳои кишвар чорабинии хотирмон доир гардид. Нахуст, муовини раиси шаҳри Душанбе, Муинӣ Мавсума аз номи шаҳрдори ҷавони пойтахт муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамаи ҷавонони кишвар, махсусан насли ҷавони пойтахтро ба ин санаи фархунда табрик гуфта, барояшон сиҳатӣ ва ҷавонии ҷовидона таманно намуд.

Сипас, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ҳамчун масъули самти ҷавонон кулли ҷавонони кишварро ба муносибати рӯз ҷавонон табрик гуфта, қайд карданд, ки саҳми Президенти мамлакат дар баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи муосир назаррас буда, пайваста сиёсати давлатии ҷавононро дастгирӣ менамояд. Ҷавонони кишварро низ зарур аст, ки ҷиҳати пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи театрикунонидашудаи фарҳангӣ бо иштироки санъаткори шинохтаи кишвар доир гардид. Нигина Амонқулова, Ғолибҷон Юсупов, Фаридуни Хуршед, Бахтиёр Иброҳим, Муҳаммадрафии Кароматулло ва дигар саронядагони маъруф меҳмони ин чорабинии бошукуҳ буданд. Нигина Амоқулова, овозхони ансамбли давлатии “Дарё” – и Кумитаи телевизион ва радио, ки ба хотири табрики ҷавонони пойтахт аз шаҳри Хуҷанд ба ин чорабинӣ омада буд, гуфт, ҷавонӣ барояш тиллоитарин лаҳзаҳои ум аст, ки асло такрор намеёбад.

Ҳунармандони Театри давлатии тамошобини ҷавон “Аҳорун” дар ин барномаи театрикунонидашуда нақши намояндагони касбу корҳои гуногунро дар симои ҷавонон меофариданд. Ҷовидон Азимов, ҳунарманди ҷавони ин театр мегӯяд, бо дастгирии роҳбрияти театр имрӯз 90 фисади ҳунармандони ин боргоҳро ҷавонон ташкил менамоянд.

Чорабинии мазкур иборат аз рақсу суруду тарона буда, дар он сокинону меҳмонони пойтахт иштирок ва фароғат карданд. Чорабиниҳои Кумитаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи рӯзи ҷавонон то охири моҳ идома карда, дар ин доира, баргузории як қатор чорабинии илмиву фарҳангӣ дар назар аст.

 Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE