Дар Душанбе коршиносон роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оиларо баррасӣ намуданд
4 сентябри соли равон дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе мизи гирд дар мавзӯъи «Кори иҷтимоӣ ва масъалаҳои муосири ҷомеа: Нақши сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷамъомад муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед иброз дошт, ки мақсади иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон соли 2014 тасдиқ шудааст, вобаста ба банди 9 «Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳури Тоҷикистон, Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) барои солҳои 2020-2021» дар ин самт даъват ба амал оварда, чунин ҷаласаи муҳимро барпо менамояд.
«Мақсад аз баргузории чорабинӣ дар ин самт – ин пешгирӣ ва аз худ намудани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ оид ба кӯмаки иҷтимоӣ ва ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила мебошад,-иброз дошт номбурда.