Шоми бобарори Россия дар Лигаи Миллатҳо
Бе шубҳа мунтахаби Россия яке аз муддаиёни асосӣ барои фатҳи Лигаи Миллатҳои Аврупо ба шумор меравад. Қаблан дар нишасти хабарӣ сармураббии тими Россия – Станислав Черчесов иброз намуда буд, ки имсол мо барои фатҳи Лигаи Миллатҳо ҷиддӣ омодаем. Ҳамин тавр дар бозии дуюми Лигаи Миллатҳо мизбони Ҷоми ҷаҳон-2018 бо яккачини Венгрия рӯ ба рӯ шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Пушкаш Арена»-и шаҳри Будапешт доир шуда, бо натиҷаи 3:2 ба суди русҳо хатм шуд. Дар ин майдондории ҷолибу диданӣ голҳои русҳоро Антон Миранчук, Магомед Оздоев ва Марио Фернандес ба нишон расониданд. Тӯбҳои мизбононро бошад, Роланд Шаллаи ва Неманя Николич муаллифӣ карданд. Ҳамин тавр мунтахаби Россия пирӯзии дуюми хешро ба қайд гирифта, бо касби 6 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи 3 мебошад.
Varzishtv.tj