Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал 5 июн баргузор мегардад

Лигаи футзали Тоҷикистон санаи баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 оид ба футзалро тасдиқ кард.

Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозии ифтитоҳи мавсим байни қаҳрамони феълии футзали кишвар дастаи «Сипар» ва барандаи Ҷоми кишвар «Соро компания» рӯзи шанбеи 5 июн дар маҷмааи Қасри Варзиши шаҳри Хуҷанд соати 16:00 баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал байни «Соро компания» ва «Сипар» дар Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи хуҷандӣ бо натиҷаи 4:2 ба анҷом расида буд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2021 оид футзал

5 июн (шанбе)

Оғози бозӣ 16:00

«Сипар» (Хуҷанд) – «Соро компания» (Душанбе)

Маҷмааи Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE