Мунтахаби Тоҷикистон муқобили Таиланд бозии дӯстонаи навбатиро анҷом медиҳад

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои моҳи июни даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 29-уми май бо тими миллии Таиланд дидори дӯстона баргузор мекунад.

Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи Холид ибни Муҳаммади шаҳри Шарҷа соати 21:45 бо вақти Душанбе баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки бозии мазкур дар ягон шабакаи телевизионӣ мустақиман намоиш дода намешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки 24-уми май мунтахаби мо бо тими миллии Ироқ рақобаташро бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима дода буд.

Бозии дӯстона

29 май (шанбе)

Оғози дидор соати 21:45 бо вақти Душанбе

Таиланд – ТОҶИКИСТОН

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE