Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир мулоқот намуд
22 апрели соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир лорд Дэвид Кэмерон, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусоҳибон масоили умдаи рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҳошияи ин дидор Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаро оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки заминаи ҳуқуқиро баҳри танзими парвозҳои мустақим миёни Душанбеву Лондон фароҳам меорад, ба имзо расониданд.
Шоёни зикр аст, ки дар таърихи муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар, ин нахустин сафари Котиби давлатии корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳӣ ба Тоҷикистон мебошад.