Ҳайати ҳунармандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омад

Гурӯҳи ҳунармандони маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳайати зиёда аз 100 нафар овозхонҳо, мақомсароён, мутрибон ва  раққосон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба шаҳри Душанбе омаданд.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давалатзода   ва муовини аввали ӯ Обид Назариён истиқбол  гирифтанд.

Ҳунармандони ӯзбек дар барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон   «Шоми дӯстӣ», ки 10 июни соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»  бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Дар барномаи муштараки консертӣ аз ҷониби Тоҷикистон зиёда аз 150 нафар ҳунармандони шинохтаи кишвар ба шумули Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва Адҳам Холиқов, сарояндагони ҷавону бомаҳорат Тулқун Тоҷибоев, Нигина Амонқулова, Ситораи Кароматулло, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, ансамблҳои рақсии «Гулрез», «Ҷаҳоноро», «Лола», «Парасту», «Базморо» ва ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов, аз ҷониби  кишвари ҳамсоя Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Абдуҳошим Исмоилов, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Элмурод Аҳмадов, гурӯҳи мақомсароён, ансамблҳои рақсии «Ӯзбекистон» ва «Тошкент зеболари» иштирок хоҳанд кард.

Аз Вазорати фарҳанги ҶТ гуфтанд, ки тамрин ва тайёрии ҳунармандони тоҷку ӯзбек аллакай шуруъ шудааст. Хотиррасон менамоем, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июни соли равон сурат мегирад.

                                          Аксҳо аз Вазорати фарҳанг

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE