Мулоқоти онлайнии Сироҷиддин Муҳриддин бо Владимир Путин

9 сентябр дар Москва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчун раиси ояндаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ (ШВКХ СҲШ) зимни мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суханронӣ кардДар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ С. Муҳриддин зикр намуд, ки сарфи назар аз пандемияи сирояти коронавируси нав, раёсати Россия дар СҲШ ҳамкории муассирро дар доираи Созмон соли равон таъмин намуд ва ин имкон дод, ки дар татбиқи вазифаҳои аз тарафи роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ соли 2019 дар Бишкек гузошташуда натиҷаҳои хуб ба даст оварда шаванд.

С. Муҳриддин иттилоъ дод, ки ҳамчун вазифаҳои афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар соли 2021, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост меояд, масоили вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, таҳкими эътибор ва тақвияти мавқеъгирии байналмилалии СҲШ, инчунин такомули заминаҳои қарордодӣ-ҳуқуқӣ гузошта хоҳанд шуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки шарҳи ҳадафҳо ва вазифаҳои раёсати Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ муаррифӣ хоҳанд кард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE