Ёдат ба хайр, эй ҳамқалам

Дареғу дард, Мисайзоди мо зи дунё рафт,

Ба мисли чашма ҷило зад, ба мисли дарё рафт.

Шарофати дилу ҷонаш бубин, ба моҳи шариф,

Шариф рафт, азизон, Шарифи Шайдо рафт!

(Хайрандеш)

 

Ӯ аз табори хуршед буд, мисли хуршед ҷило бахшиду дурахшид. Бо ҳастиву ҳарорату ҳамими қалби ошиқаш ба ҷаҳон нуру сафову гармӣ ато кард. Зиндагияш зебо, пурсафо, гуворо, ҳастияш олудаи олами хубӣ, меҳрабонӣ, покӣ, дили дарёсонаш шабеҳи обҳои нуқрафоми баҳру уқёнусҳо ба посухи нурҳои хуршед ҷилои гавҳаргуна мебахшиду дунёро шодоб мекард. Аз умқи сина ба оламу одам муҳаббату меҳру садоқату вафо арзонӣ мебахшиду ҳастиву ҳаёташ дӯст доштан буд.

Шарифи Мисайзод 6-уми январи соли 1966 дар рустое бо номи Пушёни ноҳияи Восеъ дида ба дунёи ҳастӣ кушудааст. Номбурда фориғуттаҳсили бахши забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ҳоло Донишгоҳи миллӣ буд. Сар аз соли 1992 то поёни умр, ибтидо дар Радиои Тоҷикистон ва солҳои охир дар шабакаи “Садои Душанбе” заҳмат кашидааст. Шарифи Мисайзод солҳои тавил ба сифати яке аз ровиёни беҳтарини барномаи дар замони нооромиҳои Тоҷикистон маъруфи “Хоки Ватан” ба шумор мерафт. Ӯ сарсупурдаву ҷонфидову дилбохтаву ошиқу шайдои пешаву пайраҳаи худ буд ва радиову кори он бо ҷону рагу хунаш даромезиш ва ба торҳои эҳсосаш ҳамнафас буд.

Шарифи Мисайзод аз сутунҳои қудратманду саркардагону таъсисдаҳандагони шабакаи “Садои Душанбе”дониста, пазируфта ва шинохта гардида, умри хешро сарфи касбу кори писандиааш кард, ки ту гуфтӣ, ҳанӯз ҳам пойгаҳи дари “Садои Душанбе” пайи қадамҳои ӯро ёд доранду дари дилҳои бошандагони он дар сина ҷаҳони меҳру хотироти ширин аз Шариф.

Аз санаи даргзашти Шарифи Мисайзод, ки он рӯзи шум дар тақвим 16-уми июни соли 2016-ро рақам мезад, 5 сари сол гузора гардид. Ӯ яке аз журналистони маъруфи даврони Истиқлоли Тоҷикистон, аз поягузорони радиои «Садои Душанбе», Устоди «репортёр»-ҳои ҷавони радиожурналистикаи тоҷик, дониста мшуд. Мисайзод пешоҳанги журналистикаи васоити электронии кишвар буд, ки дар тақвияти радиожурналистикаи даврони навини тоҷикон саҳми бағот бузург гурифт. Баъди итмоми макотиби олӣ, дар шабакаҳои радиои ҷумҳурӣ ба сифати мухбир, шореҳ, сардори шуъба ва сармуҳаррир пурмаҳсул кор кард. Барномаҳояш дар солҳои мушкили даргириҳои Тоҷикистон дар ташаккул ва тақвияти ваҳдати миллӣ чун шуълаи умедбахш нақши бориз гузошт.

Маҳз бо ибтикор ва заҳмати Мисайзод дар шабакаи радиои пойтахт барномаҳои ҷолибе ба гунаи зинда дар мавриди сиёсати рӯз, иҷтимоиёт ва созандагии кишвар оммаро ба умедвориҳои комил ҳидоят менамуданд. Чун мураббӣ ва устоди таҷрибасуда даҳҳо журналистони соҳаи радиожурналистикаро ба воя расонидааст. Инсондӯстӣ, зиндадилӣ ва лутфписандияш барои ҳамкорон ва дӯстон дарси ибрат буд. Шарифи Мисайзод барои хизматҳои шоиставу арзандааш бо унвонҳои “Аълочии фарҳанг”, “Аълочии матбуот”, “Аълочии Кумитаи телевизион варадио” қадрдонӣ гардидааст.

Ӯ бо ҷуссаи хурдаш дилу ҷасорати бузурги андеша дошт! Мисайзод қаламкаш асилу фидоие буд, ки умре ба касби хеш содиқ монду то вопасин нафас аз ин пайраҳа дасту дил нашӯст ва то дами охир корманди «Садои Душанбе» боқӣ монд. Мисайзод бо ҷамъи ҳамкоронаш аз барномаи «Хоки Ватан» буданд. Маҳз ин барнома сабаб шуд, ки садҳо ҳазор тоҷики беватан, бе пуштибон ва ноумед дубора ба Ватан баргарданд. То дами марг ӯ дар бойгонии шахсиаш, даста-даставу баста-баста мактубу номаҳои пур аз ғуссаву дарди фирориён – занони шавҳаргумкардаву мӯсафедони дар фироқи фарзанд ҷигарсӯз аз навоҳии Панҷу Қумсангиру Ҷиликӯл, Вахшу Шаҳритусу Қубодиёни он сӯи Омуро нигоҳ медошт.

Шарифи Мисайзод тӯли зиндагии нотавилу нотамоми хеш алорағми сахтиҳо, бадиҳо, пастиҳо, нобасомониҳои рӯзгори рӯзихор ҳамвора даст ба кору амал ба талош буду тадриҷан аз даричаи умед  ба зиндагӣ назару нигоҳи нек дошт. Дар сина қалбе дошт шабеҳи оинаи тар, дар дил аламе дошт чун оташи сӯзандаи лахчаи нимсӯхта, бо ҳазорон армону ҳавасҳои фурӯзанда ба сар мебурду дардошнову ғамгусори хурду бузург буд. Шариф буд, Шарифи шайдо. Ҳарчанд варо модар ба гоҳи таваллуд бо ҳазорон умеду армони чандсола Шариф ном дод, то дар оянда Шарифи паҳлавон бошад, вале дудаи дури банури ӯро бо обу гил пайванд бо қалам, пайванд бо алам, пайванд бо ҳасрат будааст, ки Шариф шайдои хома шуду эҷод, сарсупурдаи эҷод буду пешаву пайраҳаи паймудаи хунӣ. Дар ин масир аз кӯчаи тасодуф, ҳатто аз саргари гузари ин ҷода гом наниҳод, лобал решапайванди эҷод, пилтапайванди қалам, ҷон ба ҷони дард буду исмаш ҳамрадифи хома шуд.

Шарифи шайдо сад шаҳри ишқу ҳавасҳоро бо колои қаландарӣ дар кӯйи бесарусомони зиндагӣ ба ҳазорон шеваи рӯзғордориву рӯзғорбарӣ гузора кард, ки ту гуфтӣ, магар то погаҳи пирӯзиҳои ба нақди ҷону талош расидани ҳаёт барош содаву осон уфтод, ҳаргиз аз ин вижагӣ ба нафасе ҷодаеро пушти сар нагзошт. Шариф буду шарофату шаҳомату ҷоҳу ҷалоли хомаро бар авҷи афлок бурду доди сухан дод. Шарифро ба сад далелу дастаку мадраки дақиқ, ки маҳфилсозу сухансарову маъракаорову зарофатгӯву шаҳдпардози каломи манзум буду аз илми назму наср ба ҷиҳати додаи парвардигорӣ огаҳии комилу дарку фаҳми бидуни ботил дошт, сарди аъзаму суханпардозу хушгуфтору нуктасанҷу соҳибсухан мепиндоштанду унвон дода буданд.

Ҳар маъракаву ҷамъомаду маҳфиле, ки дар он ҳузури Шариф ҷилои рангингуна дошт, то поси шабу дами субҳ ва фурсату фосилаи бидуни ҳисоб бамаром раҷаён медошту сари сад уқбаву гиреҳи шаҳди сухан аз сӯйи ӯ бо лутфу марҳаматаш во мешуд. Ҳамон андоза, ки мардумон рӯзе ба ҳазорбора лабташнаи обу дона мешуданд, даҳчанд карати дигар ба суҳбату маъракаороии Шариф воре марди майдони қалам дили ниёзу эҳтиёҷ медоштанд.

Шарифи Мисайзод шабеҳи кавкаби шабҳои тӯлонии тор дар ғаму дарду андӯҳу шодиву сарфарозиву шодкомии ҷумла мардумон чун ҷон масъули дардро дармон буду бо ҳузураш ба кошонаи замҳариртарин анҷуман, яхвортарин қалб ва беэҳсостарин вуҷуд шабеҳи шамъи афрӯхтае нуру рушноӣ мебахшид. Шарифи Мисайзод зодаву парвардаи обу хоки поки Тоҷикистон аст. Дили моломоли дарду аламаш моли сарзамини ҳавас буду пайвандии ҷоноҷон бо кӯҳистон дошт. Дилпораҳояш чун шакар бар комҳо, офаридаҳояш шабеҳи эҳсос дар тани пайвандҳо, суханпардозиҳояш гунаи гулгуни каломи ҳарири нигунории нафиси нозҳо ва ҳар сатри каломаш ба дардҳо дармонҳо меафзуд.

Дар рустое, ки ӯ по ба даҳри дун ниҳод, модараш, аҳли хонаводааш, пайвандону наздиконаш ва ҳаққу ҳамсояҳову дӯстони намакшиносашро ҳамвора дар тасвирҳову тазкираҳояш ба шеваи қаробати танготанги муҳаббат ёд меорад, ҳарчанд ба нобасомониву номардии замона ғаму кулфату оҳу дарди беш дида, аз он даврон, ки уқубаташ варо ба дасти бераҳми аҷал доданд. Шариф дар Душанбе сабзид, дар “Садои Душанбе” ҳамсадову ҳамнафасу ҳамнавои дили мардумон гашту ба дидаҳову синао маъману маъвову маскан баргузид. Хосу ом, хурду бузург, тифли ҳафтсолаву пири ҳафтодсолаи кишвар исму кори варо ба сифати ровии хушсухан, гӯяндаи гунаи зиндаи мавҷи буландпарвози “Садои Душанбе” ба ҳайси яке аз поягузорони ин минбари волову арши коху тахти сухан шинохтанду донистанду пазируфтанд. Ҳар куҷое мебуд, дар роҳ, маъракае, маҳфиле, мотаме, шодие, хурсандие, ҳар фурсату вақту соате, ҳатто дами ҷон дар рамақ радио мегуфту ба гунаи зинда аз мавҷи “Садои Душанбе” овоз мерасонд ба қалби роғибони сершумори хеш ва мавзуъу муҳтавои мухталиф меҳвару маҳаки марказии гуфтору гузоришҳои ӯро ҷилову ҷаззобияти вижа медоданд. Дар ҷисму ҷуссаи хурди додаи Худояш олами меҳр, дунёи муҳаббат, ба ченаки бепаҳнои даҳр завқ, эҳсосу хоҳиши гарми зистан, дӯст доштан ва ишқ варзидан ба андозаи гетӣ ҷо дошту ҳар даму фурсат ханда бар лаб ба шеваи тараннуми рангиниҳои ранголуди ҳаёт лутфу марҳамат мекард ба суни мардумон. Бо ин ҳама барнодилӣ, бо ин ҳама зебоибинӣ, бо ин ҳама зиндагихоҳӣ, дигар ҳам чӣ монад аз як тани фарзонаи ин хоку замин, ки бо ҳастияш, бо вуҷудаш, бо тавонаш мардумдӯст, накубин ва фарои ботили бадиҳо буд ӯ. Пас, агар даври дунё ба шеваи гардиш чарх мезанад, ҳароина исму кори ин марди саҳфаи таърих ба сурати як олами хубӣ дар мағз-мағзи ҷонҳо, дар тору пуди эҳсосҳо, дар пилки дидаҳо, дар ҳар лаппиши нафасҳо рушану рахшон аст. Тобу тавони андешаву афкоре мебояд моро, то аз ӯ ҳар даму фурсат ба некӣ ёд орем, ба хубӣ бигӯем ва аз мавҷи моҷароҳои ноҳамвору нотамоми зиндагӣ сурати рӯҳу равонашро падид орем.

Шарифи Мисайзод даму нафасҳои вопасини умри хешро  бас бо ранҷу ситами дардҳову ранҷуриҳои бемории музмари қалб аз сар ба дар мекард, аммо на, на, аҳ захми қалби зормонда ба соате даст аз гиребонаш раҳо накарду бо ҳамин маром ӯро ба бистари бемории дармонгоҳ кашид.

Шарифи Мисайзод нафасҳои вопасинашро дар бемористон гузора мекарду гоҳо бо дармон ҳампаймон мешуду гаҳе бо марг дастугиребон. Вале, чӣ илоҷ, ки зуру тушу тавони касе аз инсоният, ки ба иқрори ҳазрати Сино “Ҳар банде кушода шуд, магар банди аҷал”, кофӣ несту марг ногузир аст. Шариф муддате беморӣ дошт, вале ҳаргиз бечоранолӣ ва шиква аз ранҷ пеши касе набурду лаб бар шикояти дард во накард. То дами ҷон дар рамақ сари пову қудрату тавони ирода воистоду пеши ранҷуриҳош тан ба таслим шудан надод. Шукру қаноатпешагӣ, мардиву нексириштӣ, хубхӯиву хоксорӣ ва ватандӯтиву ҷонфидоӣ ба касбу пеша меҳвари мазмуни андешаи покаш буд.

Мисайзод аз ровиёни пурмухлистарини радиои тоҷик ба шумор мерафт ва дар соли 2014 барои барномаи “Салому алейкум, диёрам!” ҷоизаи беҳтарин радиожурналисти сол дар озмуни “Ҷило”-ро низ моли ҳалоли хеш сохтааст.

Сад ҳайфу дареғу андуҳу афсӯс, ки дунё бе шеваи фонӣ ва мардумонаш ба гунаи сарнагумӣ зиндагӣ ихтиёр кардаанд, ки сари ҳар фурсате азизеро аз дасти мо, аз пеши мо ба нақди ҳеҷ чизе мебарад. Шарифи Мисайзод ҳам аз қурбониёни дасти аҷал буду дар айни авҷи эҷод, дар нафасҳои неки зиндагиш абадулабад дар доди 50-силагӣ дунёи рушанро падруд гуфту ба тазкираҳо пайваст. Ёдаш ба хайр!

Лутфуллои АЗИЗ,

рӯзноманигор

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE