РУШДИ МУСИҚИИ ФАЛАК ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Булбули хушнавои Фалак дар самои мусаффои санъати тоҷикон садсолаҳо боз нағмапардозӣ дорад ва ҳунармандони фалаксаро бо заҳмати худ муҳтавои ин эъҷози нодири ниёгонро ғанитар мегардонанд. Аз эълон шудани Рӯзи Фалак 17 сол сипарӣ гашт ва қироати ин Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар базми шукӯҳманди ҷамшедӣ, ки дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад баргузор гардида буд, аз ҷониби мухлисони ин жанри куҳанбунёди мусиқии суннатӣ бо кафкӯбиҳои самимона истиқбол гашта буд. Инак 17 сол боз таваҷҷҷуҳ ба рушду тарғиби фарҳанги мусиқии миллӣ дар меҳвари сиёсати фарҳангии давлати фарҳангпарварамон қарор дорад.

Дарвоқеъ, дар ягон давлати дунё рӯзи алоҳидаеро ба ҳайси рӯзи жанри мусиқие напазируфтаанд ва ин ибтикори шоистаи таҳсини маҳз давлату Ҳукумати фарҳангпарвари мост, ки ҳамеша моро ба гиромидошти мероси бузурги маънавии ниёгони номварамон ҳидоят мекунанд. Фалак мероси бузурги мусиқии ниёгони номвари мост ва рисолати ба ояндагон расонидани он бо тамоми назокату зебоиаш ба дӯши санъаткорони касбии мост.

Рӯзи Фалакро ҳамрадифи омӯзгорону донишҷӯёни таълимгоҳҳои мусиқии кишвар ҳунармандони касбиямон ҳар сол бо барномаҳои рангини консерти шукӯҳмандона ҷашн мегиранд. Рисолати рушду тарғиби фалакҳони аз тамоми дастаҳои ҳунарӣ дида бештар ба дӯши ҳунармандони Ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст, ки бо навгониҳои эҷодиашон хотири ҳазорон мухлисонро доимо шод мегардонанд.

Ҳунармандони фалаксарои мо барои решадору устувор гардонидани анъанаҳои ин мусиқии аҷдодӣ дар зеҳни насли ҷавон заҳматҳои фаровон кашиданд, ба жанри Фалак ба ивази мавзуъҳои анъанавии шиква аз ноҷуриҳои рӯзгор, нокомиҳову ноумедиҳо мазмунҳои баланди фалсафию ахлоқӣ ва хушбинии ҳаётиро ворид карданд. Фалаки имрӯзаи тоҷик таҷассумкунандаи шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлол, аз Ватани ободу осуда аст ва моро ба худшиносию ватандорӣ, эҳтирому қадршиносии якдигар ва гиромидошти умри инсони ҳидоят мекунад.

Имрӯз на танҳо дар ансамблҳои касбии фалакхонӣ, балки дар ансамблҳои репертуари консертиашон гуногунжанр низ ҳунармандони мо талошҳои ҷиддӣ доранд, ки Фалакро бо коркардҳои навин дар мавзуъҳои мубрами ахлоқӣ ва ватандӯстона ғановат бубахшанд.

Фалакхони касбию мумтоз шудан кори саҳл нест, зеро он назарияву қонунҳои хосси худро дорад ва аз ҳунармандони имрӯза ҳамчун меросбарони анъанаҳои ғановатманди мусиқии гузаштагон масъулияти бузургеро тақозо мекунад. Тайи 33 соли Истиқлоли давлатиамон дар гӯшаҳои гуногуни кишвари маҳбубамон ансамблхои фалакхонӣ таъсис ёфтанд ва дар рушду тарғиби ин жанри мусиқии аҷдоди саҳми чашмрас гузоштанд.

Дар танини суруду таронаҳои Фалак ҳамчун жанри нодири мусиқӣ мардуми саодатманди тоҷик нидои таърихи ин миллати фарҳангсолор, орзуву ормони сабзи ниёгони номвар тайи қарнҳои тулоние ҳифз гардидааст. Агар қалби пурорзуву пурмуҳаббати инсони худогоҳ ба вартаи ғаму ғусса мунҷар шавад, лоҷарам, ру меоварад ба суйи фалаки ҷомакабуд, рӯ меорад ба фалакхонӣ, то қалбашро қадре таскин бубахшад. Фалак ин гулчини розу ниёзи соҳибдилон аст. То чархи зиндагонӣ дар гардишу ҳаракат аст, Фалак дар фарҳанги суннатиамон, махсусан, дар зеҳну шуури маруми кӯҳистон мақому манзалаташро аз даст нахоҳад дод.

Имрӯз дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвари нозанинамон қасрҳои фарҳанг таъсис ёфтаанд, ки ансамблҳои зиёдеро муттаҳид мекунанд. Дар ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ ба рушду такмили ҳам оҳангҳои мардумиву эстрадӣ ва ҳам сурудаҳои фалакӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад.

Фалаки куҳанбунёд чун дигар жанрҳои мусиқӣ бо гузашти айём таҳаввул мепазирад ва доираи мавзуъҳояш тавсеа меёбад, ба муҳтавояш навгониҳо ворид карда мешаванд, вале фалаксароён кӯшиш мекунанд чорчӯбаи анъанавии мусиқиро нашикананд, Фалакро дар заминаи суннату анъанаҳои эҷодию иҷроии гузаштагон рушду такмил диҳанд, ки ин, албатта, хуб аст, гиромидошти заҳмати ниёгон мебошад.

Мухлисони Фалак медонанд, ки маъмулан бештари намунаҳои ин жанр бо оҳангҳо ва абёти пурдард оғоз меёбанд, аммо ҳамин ки ба қисми охир, яъне Уфар мегузаранд, ба оҳангҳои шӯхи рақсӣ табдил меёбанд, шунавандаро ба ваҷду ҳаячон оварда, дилашро ба хушиҳои зиндагонии пуртазод гармтар мегардонанд. Имрӯз дар фалакхонӣ чунин савтҳои нишотафзо, руҳбахшо ва илқокунандаи хушбинии ҳаёт бештаранд.

Фалак ҳамчун ганҷинаи розу ниёзи аҷдодон бегазанд аз умқи карнҳо то ба замони мо омада расид ва мутмаинем, ки қарнҳои тулоние бо ҳамин асолату назокаташ ба ояндагон ҳамчун баёнгари тафаккури волои офарандагии гузаштагони бузургамон ба мерос хоҳад монд.

Фирӯз КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”

Хуршед БАРИЕВ,

корманди радиои “Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE