Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон консерти пианинанавози машҳури Русия Денис Матсуев баргузор мешавад

Имрӯз, 7 июл дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  консерти пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев баргузор  мешавад. Дар ин хусус Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, консерти ин ҳунарпеша соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 11 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд пешниҳод менамоянд.

Ҳунармандони бомаҳорати Русия дар ҳайати пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев, Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида мегардонанд.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE