13-14 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ баргузор мегардад
13-14 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар робита ба ин Вазорат аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати иштирок дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур худро то соати 16:00-и 7 июл дар Раёсати иттилоот ва матбуот сабти ном кунанд.
Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (ШВКХ) масъалаҳои фаъолияти кунунии Созмон, аз ҷумла омодагии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳоро (ШСД) баррасӣ ва ҳал мекунад, барои иҷрои қарорҳои Созмон ва баргузории машваратҳо дар доираи СҲШ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ чораҳо меандешад. Раёсатро дар Шӯро вазири корҳои хориҷии давлати узв, ки дар он ҷаласаи навбатии ШСД баргузор мегардад, бар дӯш мегирад. Тибқи Низомнома дар бораи тартиби кори Шӯро, Раиси ШВКХ зимни анҷом додани тамосҳои беруна Созмонро намояндагӣ мекунад.