Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

23 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти равобити дуҷониба дар доираи абзорҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) мубодилаи афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE