Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон
Имрӯз бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) мулоқоти маҷозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Аснои мулоқот иштирокдорон атрофи мавзӯъҳои раванди сулҳи Афғонистон, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар самти мубориза бо чолишҳои амниятӣ, аҳаммияти таъмини дастҷамъонаи рушди устувори минтақа ва рафъи пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор намуданд.
Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ перомуни натиҷаҳои конфронси 9-уми вазирони «Қалби Осиё – Раванди Истанбул», ки 30 марти соли 2021 дар Душанбе баргузор гардида буд, изҳори назар намуда, ба нақши боризи Тоҷикистон дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика ва амният миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъкид кард.