Хуҷанд: Аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр аксияи «Тозагии соҳил» ва ҳашарҳои дастҷамъона гузаронида шуд. Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи чорабинии мазкур ду соҳили дарёи Сир — аз пули нав то пули кӯҳна аз партов ва ифлосиҳо тоза гардид.
Дар ҳамоиш беш аз 300 нафар ашхоси касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуданд. Ин тадбир ҳамзамон бо мақсади татбиқи нишондодҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили Сир амалӣ гардид.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории ин иқдом тозагӣ ва тароват бахшидан ба соҳили дарёи Сир, тақвияти корҳои ободонӣ, тоза намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ намудан, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд мебошад.
Аксияи «Тозагии соҳил» баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардид.