Душанбе: Ҳамоиш бахшида ба рӯзи маъюбон

Бахшида ба Рӯзи маъюбон Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкориӣ бо ташкилоти ибтидоии «Китобдор» дар шаҳри Душанбе иқдоми хайриявиро таҳти унвони «Маъюбон дар меҳвари сиёсати давлат қарор доранд» роҳандозӣ  намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси Ҳизби Халқи Демократи, Хайриниссо Юсуфӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзада, муовини вазири тандурусти Ҷамшед Шодихон, намояндаги Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Академияи  идоракунии давлатии назди Президанти Ҷумҳурии Тоҷикитсон  ва шахсони дорои имконияташон маҳдуд иштирок намуданд.

Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки масъалаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар сиёсати хирадмандонаи инсондӯстонаи  Асосгузори сулҳу ваҳтаи миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалятнокро ишғол менамояд. Ҷаноби Олӣ ҳамеша нисбат ба  ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамояд. Тавре ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, «…мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии  табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони  ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббии иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар  ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

Муовини вазири тандурусти Ҷамшед Шодихон зикр намуд, ки «мувофиқи маълумоти омори расмии мамлакат ба ҳолати 1 июли соли равон шумораи умумии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 156 742 нафарро ташкил намуда, нишондоди маъюбӣ нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ дар ин давра дар ҷумҳурӣ ба 1,6 фоиз баробар аст. Аз  ин шумора маъюбони гурӯҳи I -16 579 нафар,  гурӯҳи II- 75 521 нафар,  маъюбони гурӯҳи III- 33 513 нафар, кӯдакони маъюби то синни 18 сола -31 129 нафар мебошанд».

Дар доираи иқдоми мазкур аз ҷониби дастгоҳи Кумитаи иҷроии Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба 80 навар ҷавонони имконияташон маҳдуд кумакҳои моддӣ расонида шуда, барои онҳо дастархони идона  ороста шуд. Барномаи фарҳангӣ ба чорабинии мазкур шукӯҳи тоза бахшид.

Ёдовар мешавем, ки  тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитстон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8 июл дар қаламрави мамлакат Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз баҳри дастгирӣ ва зиёд намудани ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд ва ҳарчи беҳтар намудани шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои мушахас амалӣ карда мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE