Душанбе: Баррасии масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ

12 июл дар шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо роҳбари Маркази ҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ «НЕDAYAН», раиси Кумита оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ ва хориҷии Шӯрои миллии Федералии (Парлумони) Аморати Муттаҳидаи Араб Алӣ Рашид Ал – Нуаймӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои пешгирии тундгароӣ, экстремизм ва терроризми хушунатомез дар ҷомеа мубодилаи афкор намуданд. Дар ҷараёни он зикр гардид, ки «имрӯз масъалаи терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои глобалӣ ва хатарзо боқӣ монда, аз ҳар сохтори дахлдор ва кулли ҷомеа вобаста буда, ҳушёриву зиракии сиёсӣ тақозо менамояд».

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба роҳу усулҳои нави таъсиррасонӣ ҷиҳати пешгирии ин омили номатлуб пешниҳодҳои судманд намуд. Алӣ Рашид Ал – Нуаймӣ ба иқдомҳо ва пешниҳодҳои мақомоти дахлдори Тоҷикистон вобаста ба пешгирии терроризму экстремизм дар солҳои охир баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ба роҳ мондани ҳамкории дастаҷамъонаи мақомоти ҳарду кишвар даъват намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE