Сози фалак дар “Садои Душанбе”
Фалак маҷмӯи суруд ва навои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст. Зеро дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуд. Фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид. Он жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «Устод – шогирд» то ба имрӯз расидааст.
Дар замони мо Ҳукумати ыумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии фалак ғамхории зиёд зоҳир менамояд. Бо ташаббуси Пешвои миллат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Ансамбли давлатии «Фалак» – и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фалакхонӣ нақши бориз дорад. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10 октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад. Аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва ҳатто аз хориҷи он ҳунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд.
Имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба насли ҷавони ҳунармандон сирри нозукиҳои онро меомӯзонанд.
Андешаҳои Муҳаммадҷон Шукруллоев, устоди Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқуловро роҷеъ ба ин жанри мусиқии халқӣ имрӯз соати 17:10 ба таври мустақим ва такрори онро шабона соати 05:10 тариқи барномаи “Асрори фалак” аз мавҷи радиои “Садои Душанбе” шунавед.
Хуршед БАРИЕВ,
“Садои Душанбе”