Гулистон: Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуд ба роҳ монда шудааст

Давоми шаш моҳи соли 2021 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи беш аз 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Аз ин 96,7%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,3%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва бахши соҳибкорӣ мансуб аст. Дар ин бора 15 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Маҷидӣ ба рӯзноманигорон маълумот дод.

Зимни нишаст, раиси шаҳр инчунин иброз намуд, ки дар шашмоҳаи аввал дар шаҳр 2 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин давра вазни қиёсии корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии миқёси вилояти Суғд 34,3 фоизро ташкил дода, истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба корхонаҳои саноатии шаҳр 36,1 миллион сомонӣ сармои хориҷӣ ҷалб гардида, инчунин дар ин давра дар осоишгоҳҳои соҳили «Баҳри тоҷик» 379 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 12751 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ, дар маҷмӯъ беш аз 13 ҳазор нафар истироҳат намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баён гардид, ки то ба имрӯз  дар қаламрави шаҳр ва шаҳраку ҷамоатҳои он беш аз 204 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҷашни бузурги миллӣ дар маҷмӯъ беш аз 221 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE