Аҳолии Ҷопон зидди баргузории Олимпиада
Тибқи як пурсише, ки рӯзномаи Asahi ҳамагӣ чор рӯз пеш аз маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Токио нашр кард, аз се ду ҳиссаи сокинони Ҷопон бовар надоранд, ки кишвар дар шароити пандемияи коронавирус Олимпиадаи бехатар баргузор кунад. Дар пурсиш 68% пурсидашудагон ба қобилияти ташкилотчиёни Бозиҳои олимпӣ дар мубориза бо сироятҳои коронавирус изҳори шубҳа карданд ва 55% изҳор доштанд, ки ба Бозиҳо мухолифанд.
Аз 1444 нафаре, ки дар пурсиши телефонӣ ширкат варзиданд, аз чор се ҳиссаи онҳо гуфтанд, ки бо қарори манъ кардани тамошобинон ба чорабиниҳои варзишӣ розӣ ҳастанд. Масъулини бозиҳо рӯзи якшанбе дар бораи аввалин ҳодисаи COVID-19 дар байни варзишгарон дар шаҳрчаи Олимпии Токио хабар доданд.