Сафаров: Дастовардҳои Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ назаррасанд
Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайдмуъмин Раҳимов аз оғози фаъолияти худ, ки он соли 1971 нахуст чун Донишкадаи варзиш дар заминаи факултаи тарбияи ҷисмонии Институти педагогии шаҳри Душанбе таъсис ёфт, ин маркази тарбияву парвариш, махзани бузурги илму ирфон ва варзиш баланд бардоштани сатҳи маърифат, дониш, маънавиёти мардум ва бад ин васила бунёди ҷомеаи мутамаддин ва рўзгори шоистаро барои халқи мо ҳамчун вазифаи мақаддас ва рисолати аслӣ ва таърихии худ шинохт. Кушодашавии нахустин ва ягона муассисаи олии варзишӣ дар кишвар (то айни замон) – Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бешубҳа як воқеаи муҳим ва фараҳбахш дар ҳаёти маънавӣ – фарҳангӣ ва варзишии мардуми Тоҷикистон буд. Ин нуктаро имрӯз Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт.
Шодӣ Сафаров зикр кард, ки “агар ба давраҳои аввали таърихи донишкада рў орем, табиист, ки оӣози ҳар гуна кори нав сангину душвор аст ва таъсису ташкил, ба роҳ мондани фаъолияти муътадили донишкадаи олии тарбияи ҷисмонӣ аз ин истисно нест. Аз ҷузъитарин вазифаҳо сар карда, то бузургтарин корҳо – интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти ҳайати илмӣ-омўзгорӣ, қабули донишҷўёни болаёқат, таҳкими пояи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ, ба роҳ мондани ҷараёни муътадили таълиму тарбия, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва корҳои зиёди дигар аз роҳбарият, устодон, бахусус нахустустодон ва умуман тамоми ҷомеаи донишкада саъю кўшиш ва заҳмати зиёдеро талаб менамуд. Аз ҷониби дигар, мавҷуд набудани адабиёти таълимӣ, дастуру васоити ёрирасон, адабиёти илмӣ ба забони тоҷикӣ ва мавҷуд набудани устодон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ яке аз муаммоҳо ва мушкилоти дигари ҷиддӣ буд, ки ба раванди муътадили таълим ҳалал мерасонид. Бо вуҷуди он, ҳамаи ин норасоиҳо ва мушкилоти солҳои аввал тадриҷан ҳалли худро ёфта паси сар шуданд”.
Бояд гуфт, ки бо ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти донишкада чун дигар соҳаҳои кишвар саҳифаи нав –марҳилаи сифатан нав оӣоз гардид. Ба ибораи дигар, даврони истиқлол як саҳифаи дурахшон, рўҳу равони тоза ва нерўю тавони нав дар таърихи инкишофи донишкада гардид. Дар давоми бисту шаш соли соҳибистиқлолӣ мактабу маориф, вазъи иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодии мамлакат густариш ёфт. Дар ин давра анқариб Тоҷикистон симои худро ба тамом дигар кард. Дар ҳамин замина дастоварду натиҷаҳои варзишии мамлакат, аз ҷумла нишондиҳандаҳои донишҷўёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов се чанд боло рафт гўем, хато намешавад. Ин бесабаб нест: баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвар муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Ба шарофати сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва пураҳмияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа муқаррар гашт. Сиёсати маорифпарварона, маънавиётгароёна ва фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат, таваҷҷуҳ ва ӣамхории ҳамаҷониба ва рўзафзуни давлат ба илму маориф, мактаби олӣ ва зиёиён, ӣамхориҳои зиёд ба соҳаи варзиш дар фаъолияти гуногунҷанбаи донишкада нақшу таъсири амиқ ва файзбахше гузошт.
Ҳоло донишкада дорои 5 факултет, 16 кафедра, 3 синфхонаи компютерӣ, 8 толори машқӣ ва 12 варзишгоҳ ва майдончаҳои тамринӣ, китобхонаи дорои теъдоди васеи адабиётҳо ва китобхонаи электронӣ барои ҳамаи ихтисосҳо мебошад. Имрўз донишкада ба як маркази бузурги омода намудани варзишгарони касбӣ, тайёр намудани омўзгорон, мураббиён, доварон, афсарон, сайёҳон, кўҳнавардҳо, воқеанигорони варзиш мубаддал гаштааст. Айни замон қариб 200 нафар устодону мутахассисони ботаҷриба дар донишкада кору фаъолияти пурсамар доранд. Теъдоди донишҷўён бошад қариб ба 6000 нафар расидааст. Агар мақоми донишкада панҷ сол қабл дар зинаи даҳум қарор дошт, пас аз соли 2011 инҷониб ба зинаи шашум баромад. Имрўз аз ҷиҳати пешниҳоду таклифот ва ихтирооту кашфиёт аҳли илм ва устодони донишкада дар рақобатҳои илмӣ, табъу нашри китобҳои таълимӣ, барномаҳои ихтисосӣ, таълифи маҷмўаю мақолаҳои илмӣ дар як саф бо дигар муассисаҳои олии кишвар қарор гирифтаанд.
Дар мавриди робитаву ҳамкориҳои донишкада бо донишгоҳҳои олии касбии давлатҳои дигар Шодӣ Сафаров қайд кард, ки донишкада аз соли 2007 ба узвияти Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии касбии ҷаҳон шомил гардид ва дар як радиф бо 55 мактаби олии варзишии сайёра донишкадаро чун макон ва пойгоҳи муқаддаси тайёр кардани варзишгарони бомаҳорати касбӣ ба расмият шинохтаанд. Дар ин замина солҳои таҳсили 2011-2012 ва 2012-2013 пайи ҳам ду кунгураи илмии байналмилалӣ бо иштироки намояндагони беш аз 40 донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷаҳон дар Тоҷикистон, бевосита дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов доир гаштанд, ки дар он олимон ва аҳли назари варзиш масоили мубрами варзиш, хусусиятҳои гуногунпаҳлўи онро мавриди табодули назар қарор доданд. Моҳи октябри соли 2015 Кунгураи Y Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии варзишии ҷаҳон низ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов доир гардид, ки ин тадбири воқеан ҳам сиёсию таърихӣ, фарҳангию варзишӣ зери васояти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир гардид. Баъди узвият ба Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии касбии ҷаҳон дар навбати худ намояндагони донишкада дар бисёр конгресҳои байналхалқии илмӣ, аз ҷумла дар кишварҳои Чин, Муӣулистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Булӣористону Украина ширкат варзида, бо ҳаёти варзишии мактабҳои олии ин кишварҳо аз наздик шинос гардида, таҷриба андўхтанд.
Феълан донишкада барои ба меъёрҳои ҷаҳонии таълиму тадрис мутобиқ сохтани тарбияи мутахассисон кўшиш ба харҷ дода истодааст. Ҳайати омўзгорону кормандони донишкада имрўз ба оянда бо дилпурӣ ва эътимоди қавӣ назар андохта, фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва лаёқаманду сазовор баҳри эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ равона кардаанд.
“Бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки ҷомеаи бисёрҳазорнафараи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов баҳри татбиқи ормонҳои миллат, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, фарҳанг, тарбияи кадрҳои баландихтисосу садоқатманд пайваста кўшиш намуда, баҳри ободӣ, шукуфоии Ватан ва ба як кишвари пешрафта, мутамаддин ва мутараққӣ табдил додани Тоҷикистон ва дарёфти мақоми шоистаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ хизмат хоҳанд кард. Дар маҷмуъ, бо эътимоди комил метавон қайд намуд, ки тамоми дастовардҳои донишкада- вусъати таълиму тарбия, афзудани теъдоди факултаҳо ва ихтисосҳо, таҳкими пояи моддӣ-техникӣ, таълимӣ – тарбиявӣ, варзишӣ ва нерўи илмӣ –зеҳнӣ натиҷаи фаъолияти самарабахш ва анҷоми муваффақонаи рисолати мактаби олӣ дар шароити кунунӣ, комёбиҳои воқеан бузургу шоиста аз файзи истиқлол мебошанд”, – гуфт Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов.
Умедаи САНГАЛӢ,
“Садои Душанбе”