Шаҳринав: Бунёди беш аз 300 иншоот то таҷлили Истиқлол

Дар ноҳияи Шаҳринав ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлоли давлатии ҶТ бунёди 442 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то ба имруз беш аз 305 иморат бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Симои ноҳия имрӯз куллан тағийр ёфта, ба як минтақаи ҷолиби диққати сокинон табдил ёфтааст.  Ин ҳама пешрафту зебоиро бинову маҷмааҳо, боғу гулгашт ва дигар иншоот, ки ба хотири таҷлили бошукӯҳи 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, зебу зиннат медиҳад. Ҳайталӣ Элназаров, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия мегуяд, ки зимни бунёди иморатҳо талаботи муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба инобат гирифта мешавад.

Мувофиқи нақша, бояд то таҷлили ин ҷашни миллӣ дар ҳудуди ноҳия биноҳои муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, иншооти маишию коммуналӣ пурра сохтаю мавриди истифода қарор гиранд. Бовар аст, ки бо сохтани номгӯи зиёди ин иморатҳо мушкилии мавҷуда пурра бартараф гардида, сокинон аз шароитҳои беҳтаре бархӯрдор мегарданд. Чунончи, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Шаҳринав Ҳайталӣ Элназаров мегӯяд, сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ дар бештари иншооти сохташуда саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Сохтмони биноҳои истиқоматӣ, майдончаҳои варзишӣ, иморатҳои фароғатию фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатӣ далел ба гуфтаҳост.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE