Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд

29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Шаҳристон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Ҳукумати мамлакат дар самти бунёду навсозии инфрасохтори оби нӯшокӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро амалӣ менамояд. Хат ва иншооти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи хати оби нӯшокии шаҳраки Шаҳристон” бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, аз тадбирҳои муҳими таъмини маркази ноҳияи Шаҳристон ва деҳоти атрофи он бо оби нӯшокии тоза мебошад. Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгипроводхоз” тарҳрезӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии хату иншооти оби нӯшокиро дар доираи татбиқи лоиҳа 60 нафар коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ анҷом додаанд.

Дар доираи лоиҳа дар мавзеи “Сари имҷоз” 2 ҳавзи обҷамъкунӣ, ҳар кадоме бо ғунҷоиши 300 метримукааб об сохта, 2 ҳавзи обҷамъкунии мавҷуда бо ғунҷоиши 2000 метри мукааб об куллан таъмиру таҷдид карда шудаанд. Тавассути 2 иншооти обгирӣ, ки сохта шудаанд, оби зеризаминӣ бо усули ҷаббишу полоишӣ аз нуқтаи обгирӣ ба ҳавзҳои обҷамъкунии асосӣ расонда, аз он тавассути қубурҳои пластикии қутрашон 165-миллиметра ба масофаи 1 километру 670 метр ба ҳавзҳои обҷамъкунии мавзеи “Сари имҷоз” интиқол меёбад. Бо ин мақсад дар ҳудуди ҳавзи нави обҷамъкунии асосӣ пойгоҳи обкашӣ васлу насб гардидааст. Дар натиҷа маҳали аҳолинишини нав, ки дар ин ҷо ба аҳолӣ қитъаҳои наздиҳавлигӣ тақсим шудааст, пурра бо оби нӯшокии тоза таъмин мегардад.

Дар маҷмӯъ, хатҳои оби нӯшокӣ бо истифодаи қубурҳои полиэтилении қутрашон аз 110 то 315-миллиметра ва қубурҳои оҳании қутрашон 200 ва 325-миллиметра дар масофаи беш аз 52 километр сохта, инфрасохтори меъёрии оби нӯшокӣ дар шаҳрак ва деҳоти Шаҳристон ба вуҷуд оварда шудааст. Ҳамчунин 513 адад ҷумакҳои обтақсимкунӣ сохта, таҷҳизоти муосири обченкунӣ васлу насб гардидааст. Бо бунёду навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ ҳамзамон таъмини оби ошомиданӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқ ва сокинони маркази ноҳия-шаҳраки Шаҳристон боэътимод мегардад. Бо татбиқи лоиҳаи иловагӣ ва сохтмони хатҳои обрасонӣ ба дарозии 30 километр сокинони деҳаҳои Ваҳдат ва Чашмасор ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.

То имрӯз бо татбиқи лоиҳа дар маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он 10 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гардид. Баъди анҷоми пурраи корҳои лоиҳа боз 11 ҳазор нафар, дар маҷмӯъ 21 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Шаҳристон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шаҳристон”-ро аз тадбирҳои муҳими таъмини хоҷагиҳо ва аҳолии минтақа бо оби тоза арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин нақшаҳои бунёди инфрасохтори оби нӯшокӣ дар кулли шаҳру ноҳияҳо, хусусан деҳоти мамлакат дар асоси “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал-“Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” амалӣ мешаванд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, камобӣ, ки масъалаҳои ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифзу истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обӣ, пеш аз ҳама,иқдому чорабиниҳоро амалӣ менамояд. Ҳамзамон бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва таъмини солимии аҳолӣ тадбирҳои сохтмону навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ бо татбиқи лоиҳаҳои давлатию сармоягузорӣ идома дода мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE